Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти Олмаато

Вилояти Олмаато

Олмаато, вилоят дар қисми ҷануби шарқии Республикаи Советии Сотсиалистии Қазоқистон. 10 марта 1932 ташкил шудааст. Масодҳат 104,7 ҳазор километр2. Аҳолиаш 1765 ҳазор нафар (бо аҳолии шаҳри Олмаато, 1979). Олмаато ба 11 райони маъмурӣ тақсим шуда, 4 шаҳр ва 6 посёлкаи типи шаҳр дорад. Марказаш — шаҳри Олма­ато.

            Табиат. Олмааторо аз ‘Ҷануб қаторкӯҳҳои шимоли Тиёншон, аз Шимоли Ғарб кӯли Балхаш, аз Шимоли Шарқ дарёи Или иҳота кардаанд. Аз Шимол бо Хитой ҳамсарҳад аст. Тамоми қисми шимол онро ҳамвории ҷанубии Ҳафтрӯд ишғол кардааст. Қисми ҷанубиашро қаторкӯҳҳои баландиашон то 5000 метр: Кетмон, Алатови Паси Или ва шохаҳои шимолии Алатови Кунгей фаро гирифтаанд. Иқлими ҳамвории қисми шимоли он континентии шадид, зимистонаш нисбатан хунук (январ —9—10° Селсия), тобистонаш гарм (тақрибан 24° Селсия). Боришоти солона 110 миллиметр. Иқлими доманаи кӯҳҳо нарм буда, боришот то 500—600 миллиметр мерасад. Боришоти со­лонаи минтақаи кӯҳӣ 700—1000 миллиметр. Давраи нашв 205—225 шаборӯз.

Дарёи ягоная қисми шимол ва шимоли ғарбӣ Или буда, он ба кӯли Балхаш мерезад. Дар қисми ҷануби вилоят дарёҳо бисёранд: Қаскален, Чарин, Чилик, Турген, Иссиқ, Тапгар ва ғайра. Дар кӯҳҳо кӯлҳои ширин обу чашмаҳои минералӣ зиёданд. Олами набототи Олмаато гуногун аст. Қисми ҳамвории Олмаато аз нимбиёбону биёбон иборат буда, дар он явшон, шӯра, саксавул мерӯяд. Дар соҳили Балхаш ва дарёбоду водии Или най, марғзору растаниҳои галофитӣ, аз ҷумла бедзорҳо, дар шӯрзамину ҷойҳое, ки хоки аллювиалию марғзорӣ доранд, буттазорҳо вомехӯранд.

Дар кӯҳҳо, аз 600 метр боло, дашхтҳои шувоқу явшондор, дар балавдиҳои 800—4700 метр марғзору дарахтони сӯзанбарг ҳастанд. Аа 1500—1700 метр бо­ло минтақаи марғзорҳои субалпӣ бо ҷангалҳои омехтаи дарахтони сӯзанбарг (коҷи Тиёншон, санавбар, ар­ча), аз 2800 метр боло марғзорҳои алпӣ ва буттазорҳо дучор меоянд. Дар биёбонҳо хояндагони зиёде (муши даштӣ, муши ғаллахӯр, заргӯш) ҳас­танд. Аз сумдорон бузи кӯҳӣ, хонгул, аз даррандагон гург, рӯбоҳ, қашкалдоқ, дар дарёбоди дарёи Или гуроз, сагобӣ, мор, сангпушт, калта­калос ва ғайра мавҷуданд. Дар кӯҳҳо паланги барфӣ, низ вомехӯранд. Кӯ­ли Балхаш ва дарёи Или зағорамоҳӣ, окун, леш, ширмоҳӣ доранд. Дар Алатови Паси Или мамнӯъгоҳи Ол­маато воқеъ аст.

            Аҳолӣ. Дар вилоят қазоқҳо, русҳо, украинҳо, уйғурҳо, кореягиҳо, тоторҳо ва дигар миллатҳо зиндагӣ мекунанд. Зичии аҳолӣ дар 1 километр2 17,2 нафар. Шаҳрҳои калон: Олмаато, Ис­сиқ, „Капчағай, Қаскелен, Тангар.

            Хоҷагӣ. Дар вилоят дар баробари хоҷагии  қишлоқ, ки дар он кишти зироатҳои обӣ ва чорводории яйлоқӣ бартарӣ доранд, соҳаҳои гуногуни саноат ҳам ривоҷ ёфтаанд.

            С а н о а т. Дер Олмаато саноатҳои кор­карди металл, мошинсозӣ, сабук (бо- фандагӣ, трикотажӣ, дӯзандагӣ, чарму пойафзол ва ғайра), хӯрокворӣ (ордкашӣ, равған, вино, консерв ва ғайра), коркарди чӯб, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ тараққӣ кардаанд. Манбаи энергетикаи вилоят: ГЭС-ҳои Олма­ато. ГЭС-и Капчағай дар дарёи Или ва ғайра. Қисми асосии корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Олмаато ҷойгиранд.

            X о ҷ а г и и  қишлоқ. Назар ба киштзорҳо чарогоҳҳо бештаранд. За- минҳои Олмаато асосан обианд. Аз ғалладона гандум, ҷав, сулӣ, арзан, ҷуво- римакка, шолӣ, лӯбиё ва зироати хӯроки чорво кишт мекунанд: (гандум бештар кошта мешавад). Боғу токпарварӣ, обчакорӣ ва зироати полезӣ низ масоҳати зиёдеро ишғол кар­даанд. Дар вилоят соли  1978 (ба ҳисоби ҳазор cap) 2910,8 бузу гӯсфанд, 30,1 гов, 99,8 хук, 82,5 асп, 2,7 уштур буд. Дар қисми шимоли вилоят чорводории яйлоқӣ (гусфанди гӯшту пашмдеҳ, уштур) тараққӣ кардаасг. Дар қад-қадди дарёи Или заминҳои обӣ низ ҳастанд. Дар кӯҳҳои ҷануби вилоят асп, гӯсфанди пашму гӯштдеҳ ва уштур парвариш карда мешавад. Дар заминҳои лалмӣ бошад, ҷаву гандум мекоранд. Аз кӯли Балхаш ва дарёи Или моҳӣ мегиранд. Дар кӯҳҳои наздикии шаҳри Олмаато курортҳо ва базаҳои туристон воқеъ гардидаанд.

Н а қ л и ё т. Тӯли роҳи оҳан тақрибан 252 километр. Роҳҳои калони мошингард: Ол­маато — Қаскелен — Фрунзе, Олмаато — Талғар —Чилик—Норинкӯл, Олмаато — Или — Талдиқӯрғон — Семипалатинск — Уст-Каменогорск. Кули Балхаш ва дигар Или киштигарданд. Олмаато маркази роҳи ҳавоист.

Маориф ва нигаҳдории тандурустӣ. Соли хониши 1977/78 Олмаато 625 мактаби маълумоти умумӣ (дорои 329,5 талаба) дошт. Дар 23 мактаби миёнаи махсус 34,9 ҳазор хонанда ва дар 12 мактаби олӣ (ҳамааш дар шайри Ол­маато) 78,5 ҳазор студент таҳсил мекард. Соли 1978-ум 9198 нафар духтур (89,3 духтур ба 10 000 кас), 23,4 ҳазор кат (174,2 кат барои 10000 аҳолӣ буд. Дар вилоят 7 театр (ҳамааш дар шаҳри Олмаато), 574 китобхонаи оммавӣ, 576 клуб, 673′ – дастгоҳи филмнишондиҳӣ, 5 музей (4-тоаш дар шаҳри Олмаато) ҳаст. Дар Олмаато газе- таҳои вилоятии «Ҷетису», («Ҳафтрӯд») аз соли 1918 ба забони қазоқӣ,

«Огни Алатау» («Чароғҳоп Алатов», аз 1918) нашр мешаванд. дар вило­ят барномаҳои радио ва телевизиони республикавии марказӣ ба забонҳои қазоқию русӣ шунавонида ва намоиш дода мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …