Олтой Гоби, системаи кӯҳиест дар ҷануби РХМ, давоми Олтойи Муғул дар самти ҷануби шарқии он. Тӯлаш зиёда аз 500 километр. Асосан 1500—2500 метр баландӣ дорад. Нуқтаи баландтаринаш Ихэ—Богдо—Ула (3957 метр). Олтойи Гоби аз як қатор массиву қатокӯҳҳо иборат аст, ки онҳо аз гранит, регсанг ва варақсангҳои кристаллӣ таркиб ёфтаанд. Ландшафт …
Муфассал »Архивы за день : 31.07.2017
Олтой
Олтой кишвар, дар ҳайати РСФСР. 28 сентябри 1937 ташкил шудааст. Дар ҷануби ғарии Сибир, дар ҳавзаи болооби дарёи Об ва шохобҳои он — Бия ва Катун воқеъ гардидааст. Кишвар қариб тамоми Олтой, нишебиҳои ғарбии Салаир ва территорияи наздикӯҳии ҳамшафат — Олтойи Даштиро дарбар мегирад. Дар Ҷануби Шарқ бо РХМ ва …
Муфассал »Системаи кӯҳи Олтой
Олтой (ба забонҳои туркӣ ва муғулӣ алтан — заррин), системаи кӯҳиест дар Осиё, дар территорияи СССР, РХМ ва Хитой. Дар Шимоли Fарб аз ҳамвории Сибири Ғарбӣ (812 т. ш) cap шуда, дар Ҷануби Шарқ то ҳамвории Гоби (106° т. ш.) ба масофаи 2000 километр тӯл кашидааст. Қаторкӯҳҳои Олтой ба қисмҳо …
Муфассал »Деҳаи Олтовул
Олтовул (саҳеҳаш О лтиовул), деҳаест дар Совети қишлоқ Даҳанаи район ва вилояти Кӯлоб. Территорияи колхози ба номи С. Амиршоев. Аз Олтовул то маркази Совети қишлоқ 1 километр, то район 19 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 1100 нафар. (1981), тоҷикон. Устохонаи оҳангарӣ, базаи нефт, осиёб, пункти пахтахушккунии механикӣ ва фермаи бӯрдоқипарварӣ дорад. …
Муфассал »Посёлкаи Олтиптопган
Олтиптопган, посёлкаи типи шаҳрӣ (аз 14 апрели 1951), тобеи Совети шаҳрии Қайроққуми вилояти Ленинобод. Аз посёлка то шаҳри Қайроққум 122 километр, то стансияи роҳи оҳан наздиктарин — Ленинобод 101 километр. Аҳолиаш 6350 вафот (1981), русҳо, тоҷикҳо, ӯзбекҳо ва ғайра. Посёлка 2 мактаби миёна, мактаби шабонаи коргарҷавонон, мактаби мусиқӣ, 3 боғчаи …
Муфассал »Олтинтопган
Олтинтопган, кони маъдани полиметаллиест, ки дар шимоли Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, дар ҷануби ғарби қаторкӯҳи Қурама воқеъ гаштааст. Майдони кон дар зонаи вайронаҳои тектоникии байни гранитоидҳои синнашон палеозоӣ боло ва ҷинсҳои карбонатии давраҳои девони боло — карбони поён ҷойтир шудааст. Дар ин зона ҷинсҳои магмавӣ (гранодиорит-порфир, гранит-порфир, порфиритҳои диабазӣ) дар …
Муфассал »Олтинтеппа
Олтинтеппа, Алтын-депе, харобаи бошишгоҳи мансуби давраи энеолит ва асри биринҷист, ки дар райони Қаҳқаи вилояти Марии Республикаи Советии Сотсиалистии Туркманистон, дар доманакӯҳи Копетдоғ воқеъ аст. Олтинтеппаро бори аввал соли 1929 кормандони Экспедисияи Ховарон таҳти роҳбарии А. А. Семёнов, соли 1949 аъзоёни отряди Экспедисияи комплексии археологии ҷануби Туркманистон (ЭКАҶТ) тадқиқ намудаанд. …
Муфассал »Олтинсарин Ибрай
Олтинсарин Ибрай (20.10.1841 — 17. 7. 1889), педагог-маорифпарвар, нависанда ва фолклоршиноси қазоқ. Мактаби русиро дар Оренбург хатм кардааст. Яке аз аввалин муаллимони қазоқ. Соли 1879 инспектори мактабҳои қазоқ дар Тургай буда, системаи таълими мактабҳои қазоқиро пешниҳод кардааст. Бо фаъолият ва сарварии Олтинсарин дар вилояти Тургай 4 таълимгоҳи дусола (барои кӯдакони …
Муфассал »Олоти таносул
Олоти таносул, нигаред Аъзои ҷинсӣ.
Муфассал »Олоти меҳнат
Олоти меҳнат, ҷузъи асосяи воситаҳои истеҳсолот: мошин, муҳаррик, асбобҳо ва ғайраро, ки бо ёрии онҳо дар просесси истеҳсолот предмети меҳнат ва маҳсулот мебароранд, дар бар мегирад. Олоти меҳнат муҳимтарин ҷузъи таркибии қувваҳои истеҳсолкунанда аст.
Муфассал »