Маълумоти охирин

Архивы за день : 14.07.2017

Нууз

0

Нууз (ар. — бархостанн қазиб), эрексия, бархостан ва бо­лида шудани олоти таносули мардро гӯянд.

Муфассал »

Нутқ

0

Нутқ  (ар. & — қобилняти гап задан, гуфтор), алоқаи забонӣ, яке аз намудҳои робитаи одамон. Нутқ ҳамчун воситаи мутобиқкунии фаъолияти якҷоя дар коллектив ба вудуд омадааст. Дар адабиёти илмӣ оид ба моҳият ва вазифаҳон Нутқ ақидақои мухталиф вудуд доранд. Б. Кроче Нутқро воси­таи ифодаи эҳсосот мешуморад; 0. Дитрих, К. Яберг, …

Муфассал »

Нутфа

0

Нутфа (ар. — манӣ), спер­матозоид (аз юнонӣ. sperma, spermn- t-os — тухм, zoon — мавҷудоти зинда ва eidos — намуд), хуҷайраи ҷинсии мард, наринаи ҳайвонот ва бисёр раставиҳо. Нутфа аз сарак, ки яд­ро ва хроматин дорад, гарданча ва думча иборат аст. Дум­чаи Нутфа вазифаи ҳаракатро иҷро мекунад. Нутфаи баъзе бемӯҳраҳо …

Муфассал »

Нутталлиоз

0

Нутталлиоз, касалии ҳайвоноти тоқсум, ки паразитҳои якҳуҷайрагии нутталлия (Nuttallia egui) ба вуҷуд меорад. Дар тамоми дунё (ғайр аз Антарктида) аз ҷумла дар минтақаҳои ҷануби шарқӣ ва бисёр вилоятҳои марказии РСФСР-и СССР вомехӯрад. Нутталлиоз асосан баҳору тобистон мушоҳида мешавад, ки ин ба давраи авҷи афзошии канаҳо — паҳнкунандаи касалӣ рост меояд. …

Муфассал »

Нутрия

0

Нутрия, қундузи о б ӣ (Муocastor coypus), ҳайвони ширхӯри мӯинадорест аз хояндаҳо. Зоҳиран ба калламуши калон монанд буда, рангаш қаҳвагии бӯртоб аст, ки рахши хокистарӣ дорад. Ватанаш Америкаи Ҷанубӣ. Дарозии баданаш 5—65 сантиметр, думаш 32—48 сантиметр. вазнаш 5—14 килограмм. Дар CССP Нутрия асосан ба шароити Закавказия, кишвари Краснодар, Осиёи Миёна …

Муфассал »

Нутасия

0

Нутасия (лотинӣ nutatio — лаппиш) дар механика, ҳаракати лаппандаи ҷисми сахт ҳангоми дар атрофи меҳвари худ давр задани ҷисм; ин гуна ҳаракат дар меҳвари даврзании хусусии ҷисм ба вучуд меояд ва ҳар қадаре ки ҷисм бо суръати калон давр занад, басомади лаппиши нутасионии он ҳамон қадар зиёд, амплитудааш кам меша­вад. …

Муфассал »

Нусхабардорӣ

0

Нусхабардорӣ просесси тайёр кардана нусхаи хуҷҷатҳои гуногун аст. Нусхабардорӣ яке аз зинаҳои асосии тайёр кардани ҳуҷҷатҳои конструкторӣ, технологӣ, информатсионӣ, идоравӣ ва ғайра ба ҳисоб меравад. Усулҳои зерини Нусхабардорӣ бешеар маъмуланд: диазонусхабардорӣ, фотонусхабардорӣ, нусхабардории электрографӣ, нусхабардории электронӣ, термонусхабардорӣ, микронусхабардорӣ. Диазонусхабардорӣ яке аз усулҳои бештар маъмул ва арзони тайёр намудани ҳуҷҷатҳои техникӣ …

Муфассал »

Нусратшо

Нусратшо (соли таваллуд номаълум— вафот 1923), яке аз қурбошиёни босмачиҳои Мастчоҳ. Соли 1922 Н.усратшо ва дигар сардорони босмачиҳои Мастчоҳ аз ҳуҷуми Армияи Сурх бохабар шуда, дар ағбаи Оббурдон қариб 1500 босмачиро ҷамъ оварданд. Дар ин ҷо ҷанги сахте шуда, босмачиҳо шикаст хӯрданд ва сардорони онҳо, аз ҷумла Нусратшо ба бекии …

Муфассал »

Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум ё худ “Лутфуллоев Нусратулло” (1.7.1881, деҳаи Чашмаи Қизилбеки Қаротегин, ҳозира райони Рашти Тоҷикистон—; 15.12.1938), ҳодими давлатии советӣ. Аз оилаи деҳқон. Аъзои Партияи Коммунистӣ аз соли 1920. Солҳои 1895—1906 коргари яке аз за- водҳои Хуҷанд буд. Барои иштирок намудан дар ҳаракати коргарӣ соли 1906 аз завод хориҷ карда шуд. …

Муфассал »

Нусайрия

Нусайрия (ар. Чл — аз исм асосгузораш Нусайр), яке аз фирқаҳои равияи шиа, ки ба исмоилия наздик аст. Пайравони Нусайрияро ансориҳо ё алавиён низ мегӯянд. Нигаред низ Алавия.

Муфассал »