Маълумоти охирин
Главная / 2017 / May (страница 64)

Архив Месяца: May 2017

Набиева Роҳат Абдуваҳҳобовна

Набиева Роҳат Абдуваҳҳобовна (таваллуд 06.11. 1936, шаҳри Ленинобод), муаррихи советии тоҷик, доктори илми таърих (1975). Аз оилаи коргар. Аъзои КПСС аз соли 1967. Соли 1959 УДТ- ро хатм намуд. Солҳои 1959—1962 аспи­рант, 1962—1966 муаллими калон, 1966—1975 дотсенти кафедраи таърихи СОСР-и УДТ. Аз 1975 мудири кафедраи  таърихи РСС Тоҷикистони УДТ. Тадқиқоти …

Муфассал »

Набиев Раҳмон

2

Набиев Раҳмон ( 05 . 10.1930 та­валлуд шудааст), ходим партиявӣ ва давлатии советӣ, котиби якуми, КМ Партияи Комунистии Тоҷикистон, аъзои Ко­миссияи марказии тафтишоти КМ КПОС. Депутати Совети Олии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (аз даъвати нӯҳуми ин ҷониб), депу­тати Совети Олии РСС Тоҷикистон (аз даъвати шашӯм ин ҷониб). Дар оилаи деҳқон дар деҳаи …

Муфассал »

Набиев Додоҷон

2

Набиев Додоҷон (таваллуд 1925, деҳаи Шайхбурҳони pайони Хуҷанд), агро­ном, Қахрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1965), Агроно­ма Хизматнишон- додаи РСС Тоҷикистон (1964). Аъзои КПСС аз соли 1947. Соли 1942 Техникуми хоҷагии қишлоқ  Ленинободро хатм намуд. Солҳои 1942—1947 ҳисобчии бригадаи пахтакорӣ ва аз 1947 сарагроном, ҷонишини раиси (аз 1955) колхози ба номи С. Ӯрунхӯҷаеви …

Муфассал »

Набз

2

Набз (ар. — ҷунбиши paг), пулс (лот. pulsus — зарб, такон), зарб ё таппиши мураттаби рагҳои хун, ки дар натиҷаи кашиши (инқибози) дил ва ба рагҳо фушурда ба­ровардани хун ба амал меояд. Табибони қадим ба тафтишу санҷиши Набз диққати калон медоданд, аз рӯи вазъу ҳолати он бемориро шинохта, оқибат, пешгирӣ …

Муфассал »

Набаш

2

Набаш (ар. — чуқурӣ кандан), нуқтаи сафедест, ки дар рӯи нохун афтад. Инро моҳаки нохун ҳам мегӯянд.

Муфассал »

Набатай

2

Давлати қадимаи набатайҳо (гуруҳи қабилаҳои араб), ки дар ҳудуди Урдуни ҳозира дар охири асри 3 то мелод то соли 106 мелодӣ вуҷуд дошт. Пойтахташ — шаҳри Петра. Охири асри 3 — ибтидои асри 2 то мелод дар зери тасарруфи Птолемейҳои Mиcp буд. Нахустин шоҳи Набатай— Харитати I (169 то мелод). …

Муфассал »

Мӯҳтарам Самарқандӣ

2

Мӯҳтарам Самарқандӣ Муҳаммаҳошим (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 16 форс-тоҷик. Мӯҳтарам Самарқандӣ аз шоирони муқимии Ҳиндустон (аҷдодонаш аз Са­марқанд) буда, дар дарбори Акбар хидмат мекардааст. Қувваи ҳофизааш чунон қавӣ будааст, ки китоби «Маҳабҳарат»-ро дар андак муддате аз бар кардааст. Мӯҳтарам Самарқандӣ дар шеър маҳорати хуб дошта, дар навъҳои …

Муфассал »

Наапет Кучак

1

Наапет  Кучак  (cолитаваллудаш номаълум — вафот тақрибан 1592), шоири арманӣ. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш норавшан аст. Аз рӯи ривояте дар деҳаи Харакониси, назди Ван таваллуд ёфтааст. Хусусиятҳои забонӣ ва номҳоиҷугрофии ашъораш шаҳодат медиҳанд, ки зодгоҳаш қисмиғарбии Арманистон аст. Наапет  Кучак асосан айрена— сурудҳое, ки аз дубайтӣиборат буда, ҳар як мисрааш- 15 …

Муфассал »

Мӯҳташами Кошонӣ

1

Мӯҳташами Кошонӣ Мавлоно Камолуддин (соли таваллуд номаъ­лум — вафот 1587, Кошон), шоири эронӣ. Дар Кошон камоли касб кард. Мероси адабии то ба замони мо расидаи Мӯҳташами Кошонӣ. аз девони ашъор, рисолаҳои “Ҷалолия” ва “Нуқли ушшоқ”  иборат аст. Девони ашъори ӯ қасоиду ғазалиёт, марсияҳову маснавиёт ва қитъаоту рубоиётро дар бар ме- …

Муфассал »

Мӯтасиб

1

Мӯтасиб (ар.—возир), дар гузашта дар мамлакатҳои исломӣ амалдоре, ки аз авлоди сайидон таъин мешуд. Мӯтасиб ба иҷрои аҳкоми ислом, риояи тартибу қоида дар бозор, ба дурустии сангу тарозу, нарху наво назорат мекард. Асрҳои 19— 20 Мӯтасибро дар Бухоро раис меномиданд.

Муфассал »