Маълумоти охирин
Главная / Илм / Набз

Набз

Набз (ар. — ҷунбиши paг), пулс (лот. pulsus — зарб, такон), зарб ё таппиши мураттаби рагҳои хун, ки дар натиҷаи кашиши (инқибози) дил ва ба рагҳо фушурда ба­ровардани хун ба амал меояд.

Табибони қадим ба тафтишу санҷиши Набз диққати калон медоданд, аз рӯи вазъу ҳолати он бемориро шинохта, оқибат, пешгирӣ ва илоҷу давои онро муайян мекарданд. Абӯалӣ ибни Сино оид ба Набз рисолаи махсус таълиф карда, дар он таърифу тавсифи Набзро басо пурра ба қалам додааст. Дар ин рисола ва дар «Ал-Қо- нун» дар боби чи будани Набз, сабабу тарзи пайдоиш, манфиату хелҳои Набз, шинохтани ҳолати он, вобаста будани зарб ва ҳолати Набс ба синну сол, мизоҷ, ҳомилагӣ, фарбеҳӣ ва лоғарӣ, ба фаслҳои сол, боду ҳаво, иқлимҳои мухталифи ҷугрофӣ, хоб ва бедорӣ, ба сарфи таом ва шаpo6, ба ҳолатҳои рӯҳӣ, беморӣ,- кори ҷисмонӣ ва ғайра муфассал гуфта аст. Абӯалӣ ибни Сино аз рӯи ҳадди васеъшавии paг, қуввати зарби шараён, ҳоли девор paг, дараҷаи пур ва холишавии он, гармӣ ва хунукии ҷои ламе, муддата сукуват, суфтагй, носуфта- гв ва хачмв par ва г. хелхои мухта- ламс Набсро номбар мекунад. «Бузургии Набс ба се ҳолати он — дарозӣ, васеӣ ва амақи вобаста аст. Аз ин ҷиҳат Набз 9 сифати оддӣ дорад: дароз, кутоҳ ва муодил; васеъ, танг ва муодил; баланд,паст ва муодил. Ғайр аз ин Набзҳои мураккаб (муштарак) ҳам ҳастанд. Ҳар як набз аз ду ҳаракат (инбисот, яъне васеъшавӣ ва инқибоз — тангшавӣ) ва ду сукун иборат аст»—мегӯяд Абуалӣ ибни Сино.

Набзшиносии ҳозиразамон бисёр ақидаҳои Абӯалӣ ибни Синоро эъти- роф ва тасдиқ мекунад. Аммо илми набз баъди гардиши хунро кашф намудани Гарвей (1647) ва ба ту­файли аз тарафи Марей (1832) ихтироъ карда шудани олати набзнавис (сфигмограф) хеле пеш рафт.

Дар ватиҷаи кашиш хӯрдани дил дар шараён (артерия) ду хел ҳаракат — мавҷҳои Набз ва ҷараёни набзонии хун ба амал меояд. Суръати мавҷи Набз назар ба тезии ҷараёни хун 10—15 маротиба зиёд аст. Миқдори мавҷи Набз дар холати табиӣ ба адади кашишхӯрии дил баробар аст. Дар марди калонейла солим дар ҳо­лати рост истодан дар 1 дақиқа  70—75 зарби Набз ламс мешавад. Басомади Набз аз таъсири омилҳои табии, инчунин вобаста ба солҳои умр, ҷинс, тараи кор ва ғайра хеле тағйир меёбад. Масалан, адади Набзи кӯдаки дар батни модар буда ва навзод ниҳоят зиёд аст, баъд Набз то синни 25 батадриҷ кам шуда, аз 25 то 60-солагӣ дар як ҳад меистад, вале баъди 60-солагӣ боз қадре зиёд мешавад. Задани Набз дар занҳо назар ба мардҳо зиёд, дар одамони қаддароз нисбатан кам, дар тобистон назар ба зимистов зиёд, дар вақти шаб кам мешавад. Ба Набз сифати хӯрок, доруҳо, холати рӯҳӣ ва дигар омилҳо низ таъсир мегузоранд. Зиёдии зарби Набз (тахикар­дия) бештар дар вақти бемориҳои вараҷанок дида мешавад; одатан ҳангоми 1°С балавдтар баромадани ҳарорати бадан адади Набз дар 1 дақиқа 8-то зиёд мешавад (ба истиснои сарсом, сил, тифи шикам). Камии зар­би Набз (брадикардия) дар вақти газакҳои шадиди узвҳои дохили ши­нам, фишорбаландӣ, ба авгезиш ома- дани асаби гумроҳ ва ғайра мушоҳида мешавад.

Аз рӯи сифату ҳолатҳо Набз хелҳои зерин дорад: номавзун, якзарба, ду- зарба, сезарба, калон, хурд, бошитоб, нарм, сахт (сулб), таранг (мутаваттир), риштамонанд, мутаноқис, қӯша (тавъам), чорқӯша, пурра, холӣ, зӯр, заиф ва ғайра.

Тадқиқи Набз барои ташхиси бемо­риҳои дилу рагғо аҳамияти калон дорад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …