Маълумоти охирин
Главная / 2017 / May / 25 (страница 4)

Архивы за день : 25.05.2017

Наҷмии Кашмирӣ

Наҷмии Кашмирӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 16 точик. Наҷмии Кашмирӣ дар шеъру шоири шогирди Коҳӣ будааст. Соли 1580 аз Кашмир ба Мовароуннаҳр (Шаҳрсабз) омад ва ба хизмати ҳокими ин вилоят роҳ ёфт. Ба васфи ҳокими мазкур қасидаҳо сурудааст. Наҷмии Кашмирӣ мувофиқи ривояти тазкиранависон ҳикоятҳои ширине ба ёд …

Муфассал »

Наҷмиддинов Мутеулло

Наҷмиддинов Мутеулло (таваллуд 12. 9. 1927, деҳаи Варзик, райони Чусти вилояти Намангон), нависандаи советии тоҷик. Аъзои КПСС аз соли 1959. Аз оилаи мударрис. Солҳои охири чанг дар сохтмопи ГЭС-и Фарҳод кор карда, рохбарии бригадаи комсомолону ҷавононро ба ӯҳда дошт. Аз соли 1945 муаллим ва ғоибхон буд. Ниверситети Давлатии Тоҷикисто ба …

Муфассал »

Наҷмиддини Шамсиддин

Наҷмиддини Шамсиддин (фамилия Шамсиддинов, 1905, деҳаи Нигноти райони Панҷакент —1964, ҳа­мон ҷо), шоири халкии тоҷик. Падараш мулло Шамсиддин марди бо­савод буд. Наҷмиддини Шамсиддин то охири умр дар колзози ба номи Рӯдакии райони Панҷакент кор карда, дар соатҳои фароғат баҳоҳатан шеър мегуфт. Ӯ асосан ба сурудани ашъори ҳаҷвӣ майл дошта, дар …

Муфассал »

Наҷибуддини Ҷурфодқонӣ

Наҷибуддини Ҷурфодқонӣ (соли таваллуд номаъ­лум—вафот 1266, Ҷурфодқон, Эрон), шоири форс-тоҷик. Дар аксари тазкираҳо («Рӯаи равшан»-и Сабо, «Оташкада»-и Озар, «Маҷмаъ-ул-фусаҳо»-и Ризоқулихони Ҳидоят) оид ба Наҷибуддини Ҷурфодқонӣ ҳамчун шоири баркамол ва писандида маълумот дода мешавад, вале тарчумаи ҳолаш баён нагардидааст. Давраи ҷавониаш дар Бағдод гузаштааст. Дар ҳамин ҷо ба ҳамлаи урдуҳои Чингиз …

Муфассал »

Наҷибуддини Самаркандӣ

Наҷибуддини Самаркандӣ Абӯҳомид Муҳаммад ибни Алӣ ибни Умар (соли таваллуд номаълум — вафот 1222), табиб ва олими форс-тоҷик. 8 асари илмиаш маълум буда, аз онҳо «Ағазият-ул- марзо» («Хӯроки беморон»), ки дар бораи парҳез, навъҳои таом ва хусусиятҳои шифобахшии онҳо баҳс мекунад ва «Ал-асбоб ва-л-аломот» («Сабабу аломатҳои беморӣ») дар байни табибони …

Муфассал »

Наҷиби Ҳинду

Наҷиби Ҳинду (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 19. Ҳиндунажод, аз аҳли шаҳри Шоҳиҷаҳонободи Ҳиндустон буд. Ба Бухоро омада, чанде дар ин шаҳр истиқомат намуд. Дар байни аҳли фазлу дониши Бухоро шӯҳрат ёфта, дар Чамъомаду махфилҳои адабӣ иштирок мекард. Наҷиби Ҳинду ашъорашро ба забонҳои ҳиндӣ, пушту ва тоҷикӣ эҷод …

Муфассал »

Наҷиби Фарғонӣ

Наҷиби Фарғонӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 11 форс-тоҷик. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо Нақиби Фарғонӣ аз шоирони маъруфи дарбори Қарахониён будааст. Забеҳуллоҳи Сафо дар китоби «Таърихи адабиёт дар Эрон» номи Нақиби Фарғониро дар қатори шоирони бузурги он аср — Амъақи Бухороӣ, Ра­шидии Самаркандӣ, Алии Сипеҳрӣ ва дигар зикр намудааст. …

Муфассал »

Шаҳри Ан-Наҷаф

0

Ан-Наҷаф  шаҳрест дар ҷануби Ироқ (муҳофазаи Карбало), дар соҳили рости дарёи Фурот. Аҳолиаш 134 ҳазор нафар (1965). Маркази тиҷоратию нақлиётӣ буда, аз он роҳи Макка ва Мадина мегузарад. Дар нимаи дуюми асри 8 буньёд гардида, аввали асри 11 атрофаш бо девор иҳота карда шудааст. Яке аз шаҳрҳои муқаддаси мусулмонони шиа …

Муфассал »

Наҳрулбадан

1

Наҳрулбадан (ар. — ҷӯи бадан), рагест ғайри ҷаҳанда, ки дар хамаки оринҷ воқеъ аст. Инро раги ҳафтандом ҳам меноманд.

Муфассал »

Наҳр

1

Наҳр (ар. лот. Bridanus), бурҷест дар Нимкураи ҷанубии осмон, ки байни бурҷҳои Савр, Наҳанг, Ку­ра, Симурғ, Шуҷоъ, Соат, Қалам, Арнаб ва Ҷаббор ҷойгир аст. Қадри ситоравии ситораи дурахшонтаринаш— Охируннаҳр (а-ситораи бурҷи Наҳр) ба 1 баробар мебошад. Аз хоки СССР тирамоҳ ва зимистон қисман мушоҳида мешавад.

Муфассал »