Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Наҷмиддини Шамсиддин

Наҷмиддини Шамсиддин

Наҷмиддини Шамсиддин (фамилия Шамсиддинов, 1905, деҳаи Нигноти райони Панҷакент —1964, ҳа­мон ҷо), шоири халкии тоҷик. Падараш мулло Шамсиддин марди бо­савод буд. Наҷмиддини Шамсиддин то охири умр дар колзози ба номи Рӯдакии райони Панҷакент кор карда, дар соатҳои фароғат баҳоҳатан шеър мегуфт. Ӯ асосан ба сурудани ашъори ҳаҷвӣ майл дошта, дар ии қабил сурудаҳояш танбалу бекорхӯҷаҳо ва нуқсони ко­ри баъзе саркорони колхозашонро танқид мекард. Наҷмиддини Шамсиддин дар як силси­ла шеърҳояш ободониҳои диёрашро дар даврони советӣ васф кардааст. Аз эҷодиёти Наҷмиддини Шамсиддин баъзе намунаҳо дар китоби «Намунаи фолклор» диёри Рӯдакӣ» (Сталинобод, 1958) ба табъ расидаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …