Маълумоти охирин

Архивы за день : 15.05.2017

Наздиккунӣ ва интерполиронии функсияҳо

2

Наздиккунӣ ва интерполиронии функсияҳо фасли Назарияи функсиҳост, ки усулҳои тақрибӣ ифода кардани функсияҳоро меомӯзад. Гузориши масъалаи асосии Наздиккунӣ чунин аст: барои функсияи f(x) аэ синфи муайяни функсияҳо К (масалан, аз синфи бисёрузваҳо ё функсияҳои тригонометрӣ) чунин функсияи ϕ(х)–ро бояд ёфт, ки вай бо ягон маъно ба f(х) наздик бошад, яъне …

Муфассал »

Наздикбинӣ

2

Наздикбинӣ, миопия (аз юн. myo — нимпӯш мекунам ва ops, opos — чашм, босира), нуқсона чашм, ки дар натиҷаи он беморон чизҳои наздикро нағз ва дурро бад мебинанд. Гарчавде Наздикбинӣ модарзодӣ бошад ҳам, аксар вақт дар синни мактабӣ дар натиҷаи муддати дароз аз масофаи наздик ба хондан ё навиштан машғул …

Муфассал »

Назаршоев Моёвшо

2

Назаршоев Моёвшо (таваллуд 17.12. 1929, деҳаи Поршневи райони Шуғнони ВАБК), муаррихи советии тоҷик, доктори илмҳои  таърих (1980). Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1953. Пас аз хатми мактаби миёна аз соли 1947 то соли 1948 дар корҳои педагогӣ. Солҳои 1948—1952 дар Институти давлатии педагогии шаҳри Ду­шанбе таҳсил кар­дааст. …

Муфассал »

Назарова Хайрӣ

2

Назарова Хайрӣ (таваллуд. 13.10.1923, Хуҷанд, Ленинободи ҳозира), актрисаи совети тоҷик. Арт. Халқии РСС Тоҷикистон (1964). Аз оилав косиб. Солҳои 1942—1951 дар театри халқии райони Қурғонтеппа capoянда, раққоса ва иҷрокунандаи ролҳои асосии як қатор спектаклҳо: Зуҳро («Тоҳир ва Зуҳро»-и С. Абдулло), Ойхон («Найрангҳои Манса­ра»-и Ҳ. Ҳамза), Райҳон («Арӯси панҷсӯма»-и М. Урдубодӣ) …

Муфассал »

Назарова Гулхонум

Назарова Гулхонум (таваллуд 19.01. 1927, деҳаи. Чортути ҳозира райони Ленин), пахтакор, Қахрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Аъзои КПСС аз соли 1952. Солҳои 1945— 1946 колхозчӣ, 1946— 1950 сардори звенои пахтакорӣ, 1950— 1957 колхозчӣ, 1957— 1960 мудири боғчаи бачагона ва аз соли 1960 колхозчии колхози «Коммунизм»-и райони            Ленин. Звенои Назарова солҳои 1946—1948 …

Муфассал »

Назаров Ҳақназар

Назаров Ҳақназар (таваллуд 20.04.1931, деҳаи Сангвори pайони Комсомолободи РСС Тоҷикистон) муаррихи советии тоҷик, доктори илмҳои таърих (1979). Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1957. Соли 1953 факултети таъриху филологияи УДТ- ро хатм кард. Солҳои 1953—1954 муалли- ми Институти давлатии педагогии Кӯлоб,  1955—1958 аспиран­та УДТ, 1958-1963 ходими калони илми, мудири …

Муфассал »

Назаров Ҳаит

Назаров Ҳаит (таваллуд 1913, деҳаи Хуҷамулки райони Қумқӯрғони РСС Ӯзбекистон), чорводор, Каҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948), Устоди чорво­дори РСС Тоҷикистон (1964). Солҳои 1934— 1965 чӯпон, 1965—1970 боғбони колхози «Коммунизм»-и pайони Қабодиён ва аз соли 1970 нафақахӯри шахсӣ. Назоров дар инкишофи соҳаи чорводорӣ ва ба­ланд бардоштани маҳсулоти он саҳми калон гузоштааст. Бо …

Муфассал »

Назаров Ҳабибулло

2

Назаров Ҳабибулло (15.08.1907, деҳаи Тӯдаи райони Ҳисор — 25.01.1978, Душанбе), нависандаи советии тоҷик. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1939. Дар курси маҳви бесаводӣ хондааст. Солҳои 1927—1929 ра­иси Иттиҳодияи камбағалон ва ко- тиби совети қишлоқ буд. Кур­си дусолаи ҳуқуқшиносии Душанбе (1931—1932), Академияи умумииттифоқии ҳуқуқ (1938—1941) ва Иниверсити ҳуқуқшиносии …

Муфассал »

Назаров Ӯтақора

Назаров Ӯтақора (1899, деҳаи Хоҷамулки ҳозира pайони Шӯрчии РСС Ӯзбекистон—1953 деҳаи Бошқалъаи pайони Қабодиёни вилояти Қӯр- гонтеппа), коркуни партиявӣ ва советӣ, дар байни аҳолӣ бо номи Ӯта­командир машҳур аст. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1928. Вақте ки қисмҳои Армияи Сурх ба Қабодиён омаданд, Назаров ба онҳо роҳбалад …

Муфассал »

Назаров Худойқул

Назаров Худойқул (таваллуд 1926, деҳаи Ашти pайони Ашт вилояти Ленинобод , Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1965), Механизатори Хизматни- шондодаи РСС Тоҷикистон (1957). Соли 1941 курси механизаторонро хатм кардааст. Солҳои 1941—1950 тракторчӣ, 1950— 1958 сардори бригадаи тракторчиёни МТС, 1958-1962 сардори бригадаи тракторчиён ва аз соли 1962 сардори бригадаи пахтакори колхози «Правда»-и pайони …

Муфассал »