Маълумоти охирин

АБОЗИЯ

АБОЗИЯ – ибозия, фиркае аз хавориҷ, ки муассисаш Абдуллох ибни Абози Тамимӣ (асри 8) мебошад. Он яке аз кӯҳантарин фиркаҳо дар байни мусулмонон аст. Ба Абозия гурӯҳи нисбатан хурде шомил буд, вале аз лиҳози таърихӣ ва таълимоташ аҳамияти бузургеро молик мебошад. Абозия пайравони худро аҳли ҳақ ё худ асҳоби даъват ва мазҳаби худро «мазҳаб-ул- муҳаққиқа» медонист ва иддао дошт, ки аз тамоми фиркаҳои исломӣ ягона фирқаи наҷотёфта мебошад.

Аз ин рӯ, абозиён баъзан мазҳаби ху­дро «ноҷия» низ номидаанд. Пайра- вони Абозия худро наздиктарин мазҳаб ба рӯҳи ислом ҳисобида, гумон ме- карданд, ки чун онҳо аз аҳди ҳақанд, хатман пирӯзӣ насибашон хохад шуд. Аз ибтидои ҷудо шуданаш аз хаворич, пайравони Абозия хусусияти тундравонаи онро напазируфтанд ва тамоюли мӯътадилонаро касб карданд. Бо мурури замон пайравони Абозия ба аҳли суннат ва ҷамоат наздик шуданд ва абозиёни Либияву Тунис тафовути андаке бо тасаннун доштанд, вале абозиёни Алҷазоир ва Уммон роҳуравиши қаблии худро идома до­данд.

Муаррихони маъруфи Абозия ба мисли Барродӣ дар «Ҷавоҳир-ул-мун- тақот» ва Шамоқӣ дар «Китоб-ус- садр» таърихи пайдоиши Абозияро ба замони хилофати Усмон расонидаанд ва Абозияро қадимтарин фиркае эълон намудаанд, ки гуё қабл аз хавориҷ пайдо шуда бошад. Дар асл бошад, ин фирқа зимни ҳаракати хориҷия арзи вуҷуд намудааст. Аввалин хурӯҷи Абозия барои ба даст овардани хилофат дар аҳди халифа Марвони II бо роҳбарии Абдуллох ибни Абоз ба вуқӯъ пайваста буд.

Онҳо Мадинаро ба тасарру- фи худ дароварданд ва хатари ҷиддӣ барои Умавиён эҷод намуданд, вале Маккаро ишғол карда натавонистанд. Баъди шикаст хӯрданашон дар муҳорибаи Алқуро, абозиён ба ду гурӯҳ чудо шуда, гурӯҳе аз он дар Бас­ра дар атрофи Нофеъ ибни Азрақии Ҳанзалӣ ва Абдуллоҳ ибни Саффори Саъдӣ ва гурӯҳи дуюм ба Уммон дар гирди Начда ибни Ҳомун ва Абуфудайк муттаҳид шуданд. Ба фикри пай­равони Абозия сифоти худо айни зоти ӯст. Имоми аввалини Абозия Ҷобир ибни Зайд мебошад. Интихоби имом пинҳонӣ сурат мегирифт. Пайравони Абозия усули фиқҳи аҳли суннат ва ҷамоатро ба ҷуз иҷмоъ мепазируфтанд. Фарқи асосии хориҷия ва дигар фирқаҳои аз он пайдошуда аз Абозия дар он зоҳир мегардид,

ки абозиён фарди гунохи кабира содиркардаро кофир мехонданд, зеро мувофики таълимоти онҳо итоат ҳам имон аст ва ҳам дин. Абозиён мавкеи мӯътадилонаро интихоб карда, касеро мушрик мешумориданд, ки худоро қабул надошта бошад, ё ваҷҳе аз вуҷӯҳи тавҳидро инкор ва ё ҳарфе аз хуруфи каломи Аллоҳро мункир шавад, ҳалоли мансухро ҳаром ва ҳароми мансухро ҳалол эълон кунад. Худо гунохи кӯдаконро мебахшад, вале болиғон дар сурати содир кардани гуноҳ бояд тавба кунанд.

Абозия қувваи илму имонро иктисобӣ намедонад, онҳо ба фикри абозиён нуре мебошанд, ки ба қалби мӯъмин метобанд, ӯро аз дунё дур сохта, барои марг ва зиндагии абадии бозпасин омода месозад. Абозиён ба чаҳор шоха тақсим шуда буданд: хафсия, хорисия, язидия ва аҳли тоат. Ҳоло пайравони Абозия дар шимоли Африка, Уммон, Алҷазоир ва Либия фаъолият доранд. Дар Ту­нис дар ҷазираи Ҷурба ҳам зиндагӣ мекунанд. Ҷамоаҳои Абозия бо ҳам ро- бита доранд ва ба гурӯҳҳои динию сиёсӣ ҷудо шудаанд. Абозиёни Алҷа­зоир бо аҳли суннат камтар омезиш пайдо кардаанд ва таълимоти худро то дараҷае ҳифз намудаанд.

Адабиёт: Абдулқоҳири Бағдодӣ. Таърихи мазоҳиби ислом ё тарҷумаи фарқ байн-ал-фирақ. Табрез, 1333; Маделунг. Фирқаҳои исломӣ,

Тошкент, 1377; Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҷилди3, Тошкент, 1368, ҳиҷрии шамсӣ.            М. Ҳазратқулов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …