Маълумоти охирин

АБЛЯТСИЯ

АБЛЯТСИЯ (лотинӣ ablatio – рабудан, камшавӣ) ва ду маъно дорад:

1)дар техника қисман нест кардани массаи сатҳи ҷисми сахт бо ҷараёни газҳои гарме, ки ин сатҳро шорида мегузаранд. Аблятсия дар натиҷаи эрозия, гудозиш ва сублиматсия ба амал меояд. Дар вақти бо суръати ба­ланд ҳаракат намудани шиҳобҳо ва аппаратҳои париши кайҳонӣ дар ат­мосфера мушоҳида мешавад. Аблятсияро барои ҳимояи (сардсозии) қабатҳои берунаи қисмҳои аппарати париши кайҳонӣ ва дохили муҳаррикҳои ракетаҳо, ки дар натиҷаи ҷараёни газҳои гарм сахт метафсанд, истифода мебаранд.  Дар ин маврид бо ёрии энерги­яи гармӣ ҷисми сахт гудохта ё якбора ба газ табдил дода мешавад, ё сатҳи тафсидаро бо қабати моддаи махсус рӯйпӯш мекунанд. Маҳсули сублиматсия ба поён шорида, қабати газиеро ташкил медиҳад, ки он девораҳои аппарати париши кайҳониро аз алоқа бо атмосфера ё маҳсулоти сӯзиш муҳофизат менамояд;

abilatciya

2) дар глятсиология камшавии массаи пирях ё қабати барф дар натиҷаи обшавӣ, бухоршавӣ ё вайроншавии механикӣ. Аблятсия асосан ба шароити иқлим вобаста буда, се намуд мешавад: зерпиряхӣ, дохилӣ ва сатҳӣ.    М. Холов.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …