Маълумоти охирин
Главная / Теги: гуногун (страница 10)

Теги: гуногун

МЕНЗУЛА

menzula

МЕНЗУЛА (лот. mensula — мизча), мизчаест, ки барои кашидани нақшаи маҳали харитаи он истифода мешавад. Мензула аз тахтачаи квадратӣ — планшет, таҳмон ва штатив иборат аст. Мензуларо бо кипрегель ҳангоми раемгирии мензулӣ ба кор мебаранд.

Муфассал »

МЕМОРАНДУМ

МЕМОРАНДУМ (лот. memorandum-—айнан, он чи, ки бояд дар хотир дошт), 1) варақаи хотирот; қайди хотирот; 2) дар муносибатҳои байналхалқӣ — ҳуҷҷати дипломатӣ, ки моҳияти масъаларо дар мукотибаи дипломатӣ муфассал ифода менамояд. Меморандум ҷиҳатҳои  амалию воқеии масъала, далелҳои шайъию юридикиро дар бар мегирад. Меморандумро ба нотаи мухтасар илова ё даҳонӣ изҳор …

Муфассал »

МЕЛИОРАЦИЯ

meleoratciya

МЕЛИОРАЦИЯ (аз лот. meliora- tio — бедгардонӣ), маҷмӯи тадбирҳои техникӣ ва ташкилию хоҷагии қатъиян беҳтар намудани ҳолати замин. Мелиорация имконият медиҳад, ки комплекси шароити табиии ноҳияҳои калон ба манфиати одам тағйир дода шуда, барои флора ва фаунаи фоидабахш дар дохили хок режими мусоиди об, даво, гармӣ ва ғизо ва дар …

Муфассал »

МЕКСИКОИЗД

meksikoizd

МЕКСИКОИЗД (худ мехикано гӯянд), миллат, аҳолии асосии Мексика. Шумораашон 55950 ҳазор нафар (1978). Инчунин қариб 4 млн дар штатҳои ҷан. ғарби ШМА зиндагӣ мекунанд. Забони Мек­сика испанист. Муътақидони дин католиканд. Миллати Мексикой дар натиҷаи омезиши испаниҳои истилогар (аз а. 16) ва муҳоҷир бо аҳолии маҳаллӣ — ацтекҳо, майя, отомиҳо, миштекҳо, …

Муфассал »

МЕЗОФИТҲО

mezofit

МЕЗОФИТҲО (аз мезо… ва юн. phyton — растанӣ), растанихоеро гуӯянд, ки дар сурати дар хок мавҷуд будани оби кофӣ месабзанд. Онҳо дар байни ксерофитҳо (ниг. Ксерофищо) ва гигрофитҳо мавқеи мобайниро ишғол мекунанд. Мезофитҳо бештар дар минтақаҳои мӯътадил, бешазори тропикӣ ва субтропикӣ мерӯянд. Ба Мезофитҳои арзи муътадил дарахтҳои хазонрез, бутта, қисми …

Муфассал »

МЕДАЛЬҲОИ СССР

sssr

МЕДАЛЬҲОИ СССР, мукофоти давлатӣ барои хизматҳои махсус (дар баробари орденхо ва унвонҳои фахрии СССР). Мувофиқи Конституцияи СССР (1977; мод. 121, п. «9») ҳуқуқи таъсиси Медалҳои СССР ва мукофотонидан бо онҳо ба Президиуми Совети Олии СССР тааллуқ дорад. Дар баробари таъсиси ҳар як даль Президиуми Совети Олии СССР доир ба сохт …

Муфассал »

МЕДАЛИ ТИЛЛО

medali-tillo

МЕДАЛИ ТИЛЛО «Барои муваффақиятҳои аъло дар таҳсил, меҳнат ва барои рафтори намунавӣ», хатмкунандагони мактаби миёнаи маълумо­ти умумӣ мукофотонида мешаванд. Дар СССР бо қарори СКХ-и СССР аз июни 1944 таъсис бфт. Аз рӯи Низомномаи 18 декабри 1968 тасдиқкардаи Совети Вазирони СССР ба Медали тилло хатмкунандагоне сазовор мегарданд, ки ҳангоми таҳсил дар …

Муфассал »

МЕГАФОН

megafon

МЕГАФОН (аз мега… ва юн. ph0. пё—садо), ҷиҳозест барои пурзӯр кардани овоз (садо). Мегафони оддитарин аз карнаи конуешакл иборат аст (расм, а). С. Марлен (Англия) ихтироъ кардааст (1671). Аслан Мегафон овозро пурзӯр намекунад, балки ба он самти муайян медиҳад. Барон пурзӯр кардани овоз Мегафони системаи электроакустикӣ истифода мешавад (расм, б).

Муфассал »

МЕГА…

mega

МЕГА… (юн. megas —калон), 1) як қисми калимаҳои мураккаб, ки калонии андозаи ягон ҷисмро мефаҳмонад. Мас., мегафон, мегалит. 2) Префикс барои ташкил додани бузургии ҳосилавӣ, ки ба 10е воҳиди ибтидоӣ баробар аст. Ишораташ Мега Mac., 1 МВт (мегаватт) = 10е Вт.

Муфассал »

МЕВАХУШКОНӢ

khushkonidan

МЕВАХУШКОНӢ, хушконидани меваи тар. Ҳангоми Мевахушконӣ намии мева аз 75—95% то 16—25%, ҳаҷму вазнаш 5—10 баробар нам гашта, моддаҳои ғизоӣ, витаминҳои Bi, В2 ва ғ. боқӣ мемонанд. Асосан меваи пухтаи хушсифат ва беиллатро мехушконанд. Дар корхонаҳои калон Мевахушконӣ механиконида шудааст. Меваро пеш аз хушконидан ба хелҳо ҷудо карда мешӯянд. Баъзан …

Муфассал »