Маълумоти охирин
Главная / Биология / МЕЗОФИТҲО

МЕЗОФИТҲО

mezofitМЕЗОФИТҲО (аз мезо… ва юн. phyton — растанӣ), растанихоеро гуӯянд, ки дар сурати дар хок мавҷуд будани оби кофӣ месабзанд. Онҳо дар байни ксерофитҳо (ниг. Ксерофищо) ва гигрофитҳо мавқеи мобайниро ишғол мекунанд. Мезофитҳо бештар дар минтақаҳои мӯътадил, бешазори тропикӣ ва субтропикӣ мерӯянд. Ба Мезофитҳои арзи муътадил дарахтҳои хазонрез, бутта, қисми зиёди растаниҳои марғзор (себарга, арзанак ва ғ.) ва растаниҳои бешагӣ (ливондар ва ғ.), аксари растаниҳои хоҷагии қишлоқ аз алафҳои бегона мансубанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …