Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МЕВАХУШКОНӢ

МЕВАХУШКОНӢ

khushkonidanМЕВАХУШКОНӢ, хушконидани меваи тар. Ҳангоми Мевахушконӣ намии мева аз 75—95% то 16—25%, ҳаҷму вазнаш 5—10 баробар нам гашта, моддаҳои ғизоӣ, витаминҳои Bi, В2 ва ғ. боқӣ мемонанд. Асосан меваи пухтаи хушсифат ва беиллатро мехушконанд. Дар корхонаҳои калон Мевахушконӣ механиконида шудааст. Меваро пеш аз хушконидан ба хелҳо ҷудо карда мешӯянд. Баъзан меваро барои нағз ва тез хушконидан бо оби гарм, буғ, гази сулфит (бештар зардолу, шафтолуро) ё маҳлули ишқор (асосан ангурр) кор мекунанд. Мевахушконӣи офтобӣ, соягӣ ва сунъӣ мешавад. Мевахушконӣи офтобӣ ва соягӣ, бештар дар Осиёи Миёна, Поволжия ва ноҳияҳои диг., ки тобистонашон хушку гарм аст, одат шудааст. Барои дар офтоб хушконидани мева аз ҳавлӣ, анбор ва камераҳои мевадамдиҳӣ (бо гази сулфит) истифода мебаранд. Дар ин процесс олучаро бе коркарди иловагӣ, зардолую шафтолуро бутун ё дукафон карда, куксултон, сиёҳолу ва ангурро ба оби гарм, буғ ё ишқор тоб дода, ноки калонро буридаву майдаашро яклухт, себро бо ғафсии 5—6 мм ҳалқа-ҳалқа бурида, дар болои тахта, фанера, хас ва ғ. (себ 4—5, нок 12— 16, олу 14—16, олуча 8—10 кг/м2) мехушконанд. Мевахушконии офтоби 3—5 ва соягӣ 6—10 рӯз давом мекунад. М.-и сунъиро дар хушкунакҳои махсус, навори мутаҳаррикӣ бо буғ коркунандаи ПКС-10, ПКС-20 ва ғ. (маҳсулнокиаш то 400 кг) мегузаронанд. Ҳангоми Мевахушконии сунъӣ мева дар ҳарор. гуногун (мас., олу ва олуча аввал дар ҳарор. +40—45° С ва пас +70—75° С, себу нок аввал +80—85° С ва дар охир +50—55е С ва ғ.) хушконида мешавад. Меваи хушкро дар қуттӣ ва халтаю лингаҳо андохта, дар бинои хушк (намии нисбиаш 55—65%), салқин (то + 14* С) нигоҳ медоранд. Дар ноҳияҳои боғдори СССР (республикаҳои Осиёи Миёна, Закавказия, РСС Молд.) заводҳои махсуси М. сохта шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …