Маълумоти охирин
Главная / Теги: гуногун (страница 8)

Теги: гуногун

МЕХАНИЦИЗМ

mekhanicizm

МЕХАНИЦИЗМ, методи яктарафаи маърифати олам, ки тамоми ҳодисаҳои табиию ҷамъиятиро аз ҳаракати механикӣ маънидод карданӣ мешавад. Имтидоди мантиқии ин ақида моҳиятан ба инкори гуногуншаклии ҳодисоти табиат ва ҷамъият оварда мерасонад. Механицизм асрҳои 17—18, вақте ки механика ягона илми мутараққӣ буд, дар афкори илмию материалистӣ мақому нуфузи калон пайдо кард. Намояндагони …

Муфассал »

МЕХАНИКАИ БИНОКОРӢ

mekhanikai-binokori

МЕХАНИКАИ БИНОКОРӢ, илмест дар бораи принцип ва методҳои ҳисобу китоби мустаҳкамӣ, сахтӣ, устуворӣ ва лаппишҳои иншоот. Механикаи бинокорӣ асосан системаҳои милашакли ҳамвор, системаҳои фазоӣ, инчунин системаҳоеро меомӯзад, ки аз пластикаю ҷилдҳо иборатанд. Дар вақти хисобу китоби иншоот таъсироти гуногуне ба назар гирифта мешавад, ки асоситарини онҳо борҳои статикию динамикӣ ва …

Муфассал »

МЕТРОЛОГИЯ

МЕТРОЛОГИЯ (аз юн. matron— ченак, андоза ва… логия), илмеет оид ба ченкунӣ (андозагириҳо), методҳои таъмини ягонагӣ ва саҳеҳи онҳо. Масъалаҳои асосии Метрология инҳоанд; а) назарияи умумии ченкуниҳо; б) ташаккули воҳидҳои бузургиҳои физикӣ ва системаҳои онҳо; в) тариқу воситаҳои ченкунӣ; г) усулҳои муайян кардани саҳеҳии ченкуниҳо (назарияи хатоҳои ченкунӣ); д) асосҳои …

Муфассал »

МЕТР

metr

МЕТР (франс. metre, аз юн. matron — ченак, меъёр), воҳиди дарозӣ дар системаи метрии ченҳо ва Системаи воҳидҳои байналхалқӣ. Дар системаи метрии ченҳо Метр чун ба 10-7 ҳиссаи чаҳоряки дарозии меридиани Париж (1791) қабул шуда буд. Дар системаи воҳидҳои байналхалқӣ (I960) М. ба 1650763,73 дарозии мавҷи афканишоте (дар вакуум) баробар …

Муфассал »

МЕТОДОЛОГИЯ

metodologiya

МЕТОДОЛОГИЯ (аз метод ва ловил), назарияи гносеологию мантиқиест дар боби принципҳо ва методҳои тадқиқу техники илмӣ, ба маънии васеътар — таълимотест дар бораи аслу усулҳои ҳамагуна фаъолияти одами — чӣ назарӣ ва чӣ амалӣ (дигаргунсозии воқеият). Фалсафа аз қадимулйём инҷониб (ҳеҷ набошад, аз замони ташаккули Упанишадҳои ҳиндувон) аслу сиришти дониши …

Муфассал »

МЕТОДИ МУҚОИСАВӢ-ТАЪРИХӢ

МЕТОДИ МУҚОИСАВӢ-ТАЪРИХӢ дар адабиёт, як қисми адабиётшиносӣ, ки робита ва муносибатҳои адабии байналмилалӣ, шабоҳат ва тафовути ҳодисаҳои адабиро дар адабиёти халқҳои гуногун меомӯзад. Монандии ҳодисаҳои адабӣ ё ба шабоҳати инкишофи иҷтимоӣ ва адабии халқҳо ё ба равобити маданию адабишон вобаста аст. Ҳолати якум шакли типологии мутобиқати адабӣ ва дуюм шакли …

Муфассал »

МЕТОДИ БАДЕӢ

МЕТОДИ БАДЕӢ, системаи принципҳое, ки ҷараёни эҷодӣ асарҳои адабиёт ва санъатро идора мекунанд. Категорияи Методи бадеӣ охири солҳои 20 асри 20 пайдо шуда, яке аз мафҳумхои асосии назарияи марксистки эҷодӣ бадеӣ гардид. Илми марксистӣ ҳама гуна шарҳу тафсирҳои ғайриақлии ҷараёни эҷодиро инкор карда, асосан характери бошуурона ва бо мақсади фаъолияти …

Муфассал »

МЕТОД

МЕТОД (аз юи. methodos — тарифаи тадқиқ ё маърифат, назария, таълимот) маҷмӯи услубҳои омӯзиши назарӣ (дар улум) ё амалии (дар фунун) воқеият аст, ки барои ҳалли масъала ё вазифан муайян мутобиқ мебошад. Ба сифати Метод системаи амалиёт ҳангоми кор бо дастгоҳи муайян, тарзи тадқиқотҳои илмӣ ва ифодаи материал, тарам интихоби …

Муфассал »

МЕТК

МЕТК, деҳаест дар С. қ. Овчим pайони Ғончӣ, вил. Ленинобод. Терр. колхози «Қалъал Дӯст». Аз Метк то маркази С. қ. 19 км, то район 63 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1385 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби миёна дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — чорводорӣ ва ғаллакории лалмӣ.

Муфассал »

МЕТИНТӮҚАЙ

МЕТИНТӮҚАЙ, деҳа, маркази С. қ. ба номи С. Турдиеви pайони Москва, вилояти Кӯлоб. Аз Метинтӯқай то маркази район 15 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2880 наф. (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, 2 китобхона, клуб, шӯъбаи алоқа, кассаи амонатӣ, богчаи бачаҳо, касалхона, дорухона, муассисаҳои хизмати маишӣ, устохонаи таъмири мошинҳои хоҷагии қишлоқ, магазин, …

Муфассал »