Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШАҲДДОН

ШАҲДДОН

ШАҲДДОН, шаҳддони гул, нектарник, як навъ ғадуди растаниҳоро гуянд, ки моеъи ширин — гулшаҳд ҷудо мекунад. Шаҳддон асосан дар гул, баъзан дар дигар узвҳои растанӣ ҷой гирифта аст. Шаҳддон ҳашарот (баъзе паррандаҳо, мас., гулмакҳо)-ро ба гул ҷалб менамояд ва ба тавассути онҳо ба гардолуд шудани гул мусоидат мекунад.

shahddon

Шаҳддони гул дар гулдон ё гулбанд (мас., дар бушол), рую пушти косабарг (зирфун), пихигул (лодан), гулбарг (чанорак), шохаи гардбарги гул (бунафша), бехи тухмдон (марҷумак) ва ғ ташаккул меёбад. Дар гулҳое, ки ғураки поёнӣ доранд (чатргулҳо, ғузахоркиҳо, мураккабгулҳо), Шаҳддон асосан дар болои ғурак ва гирди сутунчаҳои гул ҷойгир аст. Дар баъзе растаниҳо узвҳои гул, баъзан гулҳои ҷудогонаи хушагул (дар гули шерчангол, ақоқиё) ба Шаҳддон табдил меёбанд. Шаҳддон берун аз гул дар як қисми тухмпалла (канакунҷид), думчаи барг (гелос, олу), таҳбарги гул (пахта) ва ғ. низ ҷой мегирад. Ҳуҷайраи бофтаҳое, ки шаҳд ҷудо мекунанд, аксар майда, девораашон тунук ва серпротоплазмаанд. Шаҳд одатан тавассути девораи ҳуҷайраҳои болоӣ, баъзан ба воситаи масомаи махсуси пусти растанӣ ҷудо мешавад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …