Маълумоти охирин
Главная / Биология / ШАХДДОН

ШАХДДОН

ШАХДДОН, шахддони гул, нектарник, як навъ гадуди растанихоро гуянд, ки моеъи ширин — гулшахд чудо мекунад. Шахддон асосан дар гул, баъзан дар дигар узвхои растани чой гирифта аст. Шахддон хашарот (баъзе паррандахо, мас., гулмакхо)-ро ба гул чалб менамояд ва ба тавассути онхо ба гардолуд шудани гул мусоидат мекунад.

shahddon

Шахддони гул дар гулдон ё гулбанд (мас., дар бушол), рую пушти косабарг (зирфун), пихигул (лодан), гулбарг (чанорак), шохаи гардбарги гул (бунафша), бехи тухмдон (марчумак) ва г ташаккул меёбад. Дар гулхое, ки гураки поёни доранд (чатргулхо, гузахоркихо, мураккабгулхо), Шахддон асосан дар болои гурак ва гирди сутунчахои гул чойгир аст. Дар баъзе растанихо узвхои гул, баъзан гулхои чудогонаи хушагул (дар гули шерчангол, акокиё) ба Шахддон табдил меёбанд. Шахддон берун аз гул дар як кисми тухмпалла (канакунчид), думчаи барг (гелос, олу), тахбарги гул (пахта) ва г. низ чой мегирад. Хучайраи бофтахое, ки шахд чудо мекунанд, аксар майда, девораашон тунук ва серпротоплазмаанд. Шахд одатан тавассути девораи хучайрахои болои, баъзан ба воситаи масомаи махсуси пусти растани чудо мешавад.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …