Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРОТИСТОЛОГИЯ

ПРОТИСТОЛОГИЯ

ПРОТИСТОЛОГИЯ (юнонӣ  protistos — аввалин ва …логия), илмест, ки организмҳои зукариотии якҳуҷайрагии мансубии типи соддатаринҳоро меомӯзад. Оид ба Протистология ду ақида вуҷуд дорад. Мувофиқи ақидаи баъзе олимон (олими советД В. А. Догел, олими немис Э. Рейхенов, олими франсавӣ П. Грассе ва дигарон) Протистология организмҳои якҳуҷайрагии ба таври гетеротрофӣ ғизогиранда (ниг. Организмҳои гетсротрофй) ва организмҳои якҳуҷайрагии дараҷаи паст ва колониалии сабзи ба таври автотрофӣ ғизогирандаро (ниг. Организмҳои автотрофӣ) тадқиқ мекунад. Дар ин ҳолат организмҳои якҳуҷайрагии автотрофие, ки қамчинак доранд, ба синфи қамчинакдорони типи соддатаринҳо дохил мешаванд. Аз рӯи ақидаи олимони дигар(ботаники рус Гоби, олимони советӣ Б. М. Хейсин, Ш. Д. Мошковский ва дигарон) ба типи соддатаринҳо фақат  организмҳои якҳуҷайрагии гетеротрофӣ мансуб буда, организмҳои автотрофие, ки хлорофилл доранд, ба гурӯҳи обсабзҳо дохил мешаванд. Аз ин рӯ Протистология синоними протозоология мебошад. Ба ғайр аз ин органиамҳое (масалан, бисёрии эвгленаҳо) низ мавҷуданд, ки ба таври миксотрофӣ, яъне ҳам автотрофӣ ва ҳам гетеротрофӣ ғизо мегиранд. Ҳамаи ин ягонагии пайдоиши растанию ҳайвоноти зукариотиро нишон медиҳад.

protistology

Протистология бо илмҳои тситология, баъзе соҳаҳои тиб ва ветеринария, пара­зитология, гидробиология, экология, палеонтология, серология, иммуно­логия ва ғайра алоқаи зич дорад.

Омӯзиши организмҳои соддатарин дар нимаи дуюми асри 17 оғоз ёфт ва баъди кашфи микроскоп амалӣ гардид. Организмҳои якҳуҷайрагӣ будани мавҷудоти соддатаринро аввалин шуда (1845) олими немис К. Зиболд баён кард. Охири асри 19 ва аввали асри 20 асосан организмҳои соддатарини касалиангеза омӯхта шуданд. Аз ҷумла олими немис Ф. Шаудин сикли ҳаётӣ коктсидияҳо, оли­ми рус В. Я. Данилевский, олими Британияи Кабир Ҷ. Росс ва олими италиявӣ Ҷ. Грасси сикли ҳаёти гемосиоридияҳо ва барангезандаи бемории вараҷаро муайин намуданд. Дар айни замон физиология, афзоиш, бадали насл, роли просесси ҷинсӣ, тағйирпазирӣ, ирсият ва дигар хусусиятҳои организмҳои соддатарин омӯхта мешаванд. Дар натиҷаи ин тадқиқотҳо (асри 20) протозооло­гияи тиббӣ ва ветеринарӣ чун илми мустақил ба вуҷуд омад. Дар соҳаи  ротозоологияи тиббӣ хизмати оли­мон Е. И. Мартсиповский, В. А. Романовский, Ш. Д. Мошковский, Г. В. Энштейн ва дигарон, дар соҳаи протозоологияи ветеринарӣ хизмати олимон В. Л. Якимов, А. А. Марков ва дигарон бағоят калон аст.

Дар як қатор мамлакатҳо ҷамъиятҳои протистологӣ ва протозоологӣ вуҷуд доранд. Ҷамъияти умумииттифоқии протозоологҳо дар СССР соли 1968 ва дар Тоҷикистон ноябри 1973 ташкил шудааст.

Дар Тоҷикистон оид ба масъалаҳои Протистология дар лабораторияҳои Институти тадқиқоти илмии эпидемиология ва гигиенаи Вазорати нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон ва Институти ве­теринарии Вазорати хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон тадқиқот мебаранд. Олимо­ни тоҷик муқаррар намуданд, ки дар Тоҷикистон намудҳои гуногуни соддатаринҳо (паразитҳои таркиби хуни паррандаҳо — гемопротеус, паразитҳои моҳӣ — трипонозомҳо ва миксосооридияҳо, гемоспоридиози жовандаҳо, коктсидиози мурғҳо, дар иротозоологияи тиббӣ бошад, ди­зентерия) маълуманд.

Ад.; Якимов В. Л., Болезни до­машних животных, вызываемые прос­тейшими (Protozoa), МЕЛОД—Л., 1931;  Д о гель В. А., Полянский Ю. И., Хейсин Е. М., Общая протозоология, МЕЛОД—Л., 1962. У. Ҷалилов, М. Субҳонов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …