Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРОТИСТОЛОГИЯ

ПРОТИСТОЛОГИЯ

ПРОТИСТОЛОГИЯ (юнони  protistos — аввалин ва …логия), илмест, ки организмхои зукариотии якхучайрагии мансубии типи соддатаринхоро меомузад. Оид ба Протистология ду акида вучуд дорад. Мувофики акидаи баъзе олимон (олими советД В. А. Догел, олими немис Э. Рейхенов, олими франсави П. Грассе ва дигарон) Протистология организмхои якхучайрагии ба таври гетеротрофи гизогиранда (ниг. Организмхои гетсротрофй) ва организмхои якхучайрагии дарачаи паст ва колониалии сабзи ба таври автотрофи гизогирандаро (ниг. Организмхои автотрофи) тадкик мекунад. Дар ин холат организмхои якхучайрагии автотрофие, ки камчинак доранд, ба синфи камчинакдорони типи соддатаринхо дохил мешаванд. Аз руи акидаи олимони дигар(ботаники рус Гоби, олимони совети Б. М. Хейсин, Ш. Д. Мошковский ва дигарон) ба типи соддатаринхо факат  организмхои якхучайрагии гетеротрофи мансуб буда, организмхои автотрофие, ки хлорофилл доранд, ба гурухи обсабзхо дохил мешаванд. Аз ин ру Протистология синоними протозоология мебошад. Ба гайр аз ин органиамхое (масалан, бисёрии эвгленахо) низ мавчуданд, ки ба таври миксотрофи, яъне хам автотрофи ва хам гетеротрофи гизо мегиранд. Хамаи ин ягонагии пайдоиши растанию хайвоноти зукариотиро нишон медихад.

protistology

Протистология бо илмхои тситология, баъзе сохахои тиб ва ветеринария, пара­зитология, гидробиология, экология, палеонтология, серология, иммуно­логия ва гайра алокаи зич дорад.

Омузиши организмхои соддатарин дар нимаи дуюми асри 17 огоз ёфт ва баъди кашфи микроскоп амали гардид. Организмхои якхучайраги будани мавчудоти соддатаринро аввалин шуда (1845) олими немис К. Зиболд баён кард. Охири асри 19 ва аввали асри 20 асосан организмхои соддатарини касалиангеза омухта шуданд. Аз чумла олими немис Ф. Шаудин сикли хаёти коктсидияхо, оли­ми рус В. Я. Данилевский, олими Британияи Кабир Ч. Росс ва олими италияви Ч. Грасси сикли хаёти гемосиоридияхо ва барангезандаи бемории варачаро муайин намуданд. Дар айни замон физиология, афзоиш, бадали насл, роли просесси чинси, тагйирпазири, ирсият ва дигар хусусиятхои организмхои соддатарин омухта мешаванд. Дар натичаи ин тадкикотхо (асри 20) протозооло­гияи тибби ва ветеринари чун илми мустакил ба вучуд омад. Дар сохаи  ротозоологияи тибби хизмати оли­мон Е. И. Мартсиповский, В. А. Романовский, Ш. Д. Мошковский, Г. В. Энштейн ва дигарон, дар сохаи протозоологияи ветеринари хизмати олимон В. Л. Якимов, А. А. Марков ва дигарон багоят калон аст.

Дар як катор мамлакатхо чамъиятхои протистологи ва протозоологи вучуд доранд. Чамъияти умумииттифокии протозоологхо дар СССР соли 1968 ва дар Точикистон ноябри 1973 ташкил шудааст.

Дар Точикистон оид ба масъалахои Протистология дар лабораторияхои Институти тадкикоти илмии эпидемиология ва гигиенаи Вазорати нигахдории тандурустии Точикистон ва Институти ве­теринарии Вазорати хочагии кишлоки Точикистон тадкикот мебаранд. Олимо­ни точик мукаррар намуданд, ки дар Точикистон намудхои гуногуни соддатаринхо (паразитхои таркиби хуни паррандахо — гемопротеус, паразитхои мохи — трипонозомхо ва миксосооридияхо, гемоспоридиози жовандахо, коктсидиози мургхо, дар иротозоологияи тибби бошад, ди­зентерия) маълуманд.

Ад.; Якимов В. Л., Болезни до­машних животных, вызываемые прос­тейшими (Protozoa), МЕЛОД—Л., 1931;  Д о гель В. А., Полянский Ю. И., Хейсин Е. М., Общая протозоология, МЕЛОД—Л., 1962. У. Чалилов, М. Субхонов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …