Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Петрушёвский Иля Павлович

Петрушёвский Иля Павлович

Петрушёвский Иля Павлович (22. 6. 1898, Киев—1977, Ленинград), шарқшиноси советӣ, мутахассиси таърихи асрҳои миёна ва нави Эрон, Закавказия ва Осиёи Миёна, доктори илми таърих (1941), профессори (1947).

Соли 1926 факултетҳои таъриху филологияи университетҳои Харков ва Бокуро хатм намуда, дар Боку (1926—1931), Тбилиси (1931—1936) ва Ленинград (аз соли 1936) кор кардааст. Асарҳои ӯ ба масъалаҳои муҳимми ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Осиёи Миёнаву Эрон ва Закавказия, таърихи шаклҳои асосии заминдорӣ, таърихи ислом, ҷунбишҳои халқӣ (аз ҷумла сарбадорон) дар Эрон ва Осиёи Миё­на бахшида шудаанд. Бисёр асар­ҳои Петрушёвский («Кашоварзӣ ва муносибатҳои арзӣ дар Эрони аҳди муғул», «Наҳзати сарбадорон», «Фарҳанги эронзамин» ва ғайра) ба забони форсӣ тарҷума шудаанд.

Ас.: Земледелие и аграрные отноше­ния в Иране XIII—XIV вв., М.—Л., 1960; Ислам в Иране в Л’II—XV вв.. Л.. 1966.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …