Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Оқчурин Олимҷон

Оқчурин Олимҷон

Оқчурин Олимҷон Ҳакиммуллоевич (1895 —деҳаи Уст-Рахманка, губернияи Пенза — 1933, партиявӣ ва давлатӣ. Аз оилаи рӯҳонӣ. Аъзои Пар­тияи коммунистӣ аз соли 1917. Солҳои 1902—12 аввал дар мактаби деҳая худ, баъд дар Мад­расаи Қазон таҳсил кард. Барои ақидаҳои даҳриаш аз Мадраса хориҷ карда шуд.

Солҳои 1914—20 коргари заводиди пахтаи Қизилтеппаи Бухоро буд. Дар ин давра бо болшевикони Когон робита пайдо карда, дар ҳаракати револютсионӣ иштирок намуд, аъзои КИМ-и Республикаи Халқии Сотсиалистии Бухоро Туркистон интихобшуд.

Феврал— августи 1920 раиси Трибунали олии револютсионии Республикаи Халқии Советик Хорезм, 1920—21 котиби Комитети Марказии Партияи Коммунистии Бухоро, 1921—24 раиси Бюрои ташкилии Комитети Марказии Партияи Коммунистии Бухоро оид ба Бухорои Шарқӣ, ҷонишини раи­си Комиссияи фавқулоддаи диктато­рии Комитети Иҷроияи Марказии Республикаи Халқии Сотсиалистии Бухоро дар Бухорои Шарқӣ, раиси Трибунали Олии револю­тионии Республикаи Халқии Сотсиалистии Бухоро, 1924—26 аъзои Президиуми Комитети револютсионии Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон, аъзои Бюрои ташкилии Комитети Марказии  Партияи Коммунистии  (б) Ӯзбекистон дар Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон, вазири молияи Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон, 1926—33 ҷонишини вазири молияи Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон  буд.

Бо 2 ордеяи Ситораи Сурхи Бухо­ро (дараҷаҳои 1 ва 2) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …