Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Наследов Борис Николаевич

Наследов Борис Николаевич

Наследов Борис Николаевич (4. 11. 1885 — 17. 11. 1942), геологи советӣ, профессор (1939). Соли 1915 Институти кӯҳкории Петербургро хатм намуд. Аз соли 1906 дар корхонаҳои гуногуни ге­ологию конҳои сарвати зеризаминии Урали Ҷанубӣ, Олтой, Сибир кор кардааст. Аз соли 1917 аъзои шӯъбаи Оренбургии Ҷамъияти геогра­фии рус. Солҳои 1921—22 сардори управленияи «Промразведка »-и Иркутск ва аз 1926 то охири ҳаёташ дар Осиёи Ми­ёна ва Қазоқистон дар шуъбаи осиёимиёнагии Комитети геологияи СССР, Экспедицияи Помир ва дигар ноҳияҳои тоҷикистонии АФ СССР, «Средазцветметразведка», управленияи геологияи Узбекистон кор кар­дааст.  Наследов сохти геологӣ ва металлогенияи кӯҳҳои Қурама ва Чатқалро мукаммал омӯхта, дар кӯҳҳои Қаромазор якчанд кон кашф намудааст. Корҳои илмии Наследов  асосан ба омӯзиши металлогенияи Гиёншони Ғарбӣ, Узбекистон ва Тоҷикистон бахшида шудаанд. Дар шаҳри Олмалиқи РСС Узбекистон муҷассамаи биринҷии ӯро гузошта, яке аа кӯчаҳои шаҳрро «Наследов» номидаанд. Минерали наследовит низ номи ӯро дорад.

асос: Редкие элементы и малые метал­лы Средней Азии, Ташкент, 1933; Қарамазар, Ленинобод, 1935: Металлогения западного Тянь-шаня и Узбекистана, Москва, 1961.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …