Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / МУҲАРРИКИ ДАРУНСӮЗ

МУҲАРРИКИ ДАРУНСӮЗ

muhariki-darunsuzМУҲАРРИКИ ДАРУНСӮЗ, муҳаррики ҳароратиеро гӯянд, ки энергияи химиявии сӯзишвориро ба кори механикӣ табдил медиҳад. Аввалив Муҳаррики дарунсӯзи газии қобили истифодаро механики франсавӣ Э. Ленуар (1860) сохтааст; ихтироъкори немис Н. Отто Муҳаррики д.арунсӯзи мукаммали 4-тактаро (1876) сохт. Солҳои 80 асри 19 дар Россия О. С. Костович аввалин Муҳаррики дарунсӯзи карбюратории бо бензин коркунандаро ихтироъ кард. Соли 1897 Р. Дизел Муҳаррики дарунсӯзиеро ихтироъ намуд (нигаред Дизел), ки дар он сӯзишворӣ бо таъсири ҳарорати баландн ҳавои фушурдашуда дар мегирад. Дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка соли 1901 аввалин трактори бо Муҳаррики дарунсӯзи  коркунанда ихтироъ шуд. Бародарон О. ва У. Райт (1903) аввалин самолёти муҳаррикаш дарунсӯзро сохта, дар он парвоз намуданд. Соли 1924 аз рӯи лоиҳаи Я. М. Гаккел дар Ленинград аввалин тепловоз сохта шуд. Ҳозир Муҳаррики дарунсӯзи  дар автомобилу мотосикл, мошинҳои хоҷагии қишлоқ ва роҳсозӣ, техникаи ҳарбии худгард ва ғайра истифода мешавад.

Аз рӯи навъи сӯзишворӣ Муҳаррики дарунсӯзро ба муҳаррикҳои сӯзишвориаш моеъ ва муҳаррикҳои сӯзишвориаш газӣ ҷудо мекунанд. Аз рӯи тарзи бо вояи нави сӯзишворӣ пур шудани силиндр бошад, Муҳаррики дарунсӯзро ба муҳаррикҳои дарунсғзӣ 4-такта ва 2-такта тақсим менамоянд. Муҳаррики дарунсӯзе, ки махлути кории он берун аз силиндр (дар карбюратор) омезонда мешавад, муҳаррики карбюраторӣ ва агар махлути корӣ дар худи силиндр биомезад, ин гуна Муҳаррики дарунсӯзро д и з е л меноманд. Махлути кории Муҳаррики дарунсӯзи карбюраториро бо шарораи шамъи электрӣ дармегиронанд.

Принсипи даргирифтлани махлути кори дар дизел тамоман дигар аст. Ба вояи ҳавои аз таъсири тазйиқхӯрӣ то ҳарорати баланд тафсида махлути корӣ пошида мешавад, ки он сипас дар мегирад. Муҳаррики дарунсӯз

як-, ду- чор ва шашсилиндра мешавад. Сикли кории Муҳаррики дарунсӯзи карбюратории 4-такта дар натиҷаи чор гашти поршен (такт), яъне бо ду гардиши пурраи зонунавард иҷро мешавад (расм). Дар вақти такти якум — даромад (А) ҳаво аз филтри ҳаво 1 гузашта, дар карбюратор 2 бо сӯзишворӣ махлути корӣ ҳосил мекунад; махлути корӣ тавассути клапан 3 ба силиндр 6 медарояд. Дар давоми такти дуюм — фишуриш (Б) махлути корӣ то 0,8—2МН /м2 (6—20 кгқ./см2) тазйиқ ёфта, то ба 200—400° Селсия метафсад. Дар охири такти фишуриши махлути корӣ аз шарораи электрии шамъ 4 дармегирад; дар ин вақт поршен 10 ба нуқтаи фавқонӣ (н. ф.) наздик мешавад. Баъди ба нуқтаи фавқонӣ  расидани поршен махлут мунтазам месӯзад. Дар охири сӯзиш фишори газҳо дар силиндр ба 3—б МН/м5 (30—60 кгқ/см2) ва ҳарорат ба 1600— 2000° Селсия мерасад. Дар вақти такти сеюм (такти корӣ) — в а с е ъ ш а в ӣ (В) поршен бо таъсири фишори газ ба поён ҳаракат карда, тавассути шатун 7 зонунавард 8-ро чарх мезанонад, яъне дар ин такт гармии аз сӯзиши махлути корӣ ҳосилшуда ба кори механикӣ табдил меёбад. Дар давоми такти чорум — баромад (Г) клапан кушода аст; поршен аз нуқтаи таҳтонӣ (н. т.) ба нуқтаи фавқонӣ  ҳаракат мекунад, поршен гази сӯхтаро фишурда берун мебарорад. Ба ҳамин тариқ, дар давоми як сикли кони Муҳаррики дарунсӯз  зонунавард ду бор давр мезанад — ним давр аз ҳисоби таъсири газ ба поршен, якуним давр аз ҳисоби қувваи инерсиян сарчарх (маховик) 9. Дар Муҳаррики дарунсӯзи 2-такта сикли кори бо ду гашти поршен ба амал меояд. Дар вақти сикли кории Муҳаррики дарунсӯзи карбюраторӣ суръати чархзании навард то 3000—7000 гард/дақиқа дар томобилҳои пойга ва мотосиклҳо то 15000 гард/дақиқа расида метавонад. Махлути кории мӯътадили Муҳаррики дарунсӯз  бояд аз 15 ҳисса ҳаво (аз рӯи масса) ва 1 ҳисса сӯзишворӣ иборат бошад. Муҳаррики дарунсӯзи карбюратории 4-такта иқтидори то 600 килоВат (800 қоффисиенти амалӣ), муҳаррикҳои поршении авиатсионӣ иқтидори то 1100 килоВат (1500 қоэффисиенти амали)-ро инкишоф дода метавонад. Такомули минбаъдаи муҳаррикҳои дарунсӯз бо роҳи афзудани иқтидор, боэътимодӣ ва бақодории онҳо, кам кардани масса ва андозаҳои онҳо, бунёди конструксиҳои нав (масалан, муҳаррикҳои бо сӯзишвориҳои гуногуи коркунанда) ба амал оварда мешавад.

Адабиёт: Двигатели внутреннего сгорания с воздушным охлаждением. Москва, 1971.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …