Маълумоти охирин
Главная / Илм / МОРФОЛОГИЯИ ОДАМ

МОРФОЛОГИЯИ ОДАМ

morfologiyai-odamМОРФОЛОГИЯИ ОДАМ, 1) таълимотест дар бораи сохти бадани одам дар ҷараёни инкишоф ва фаъолия­ти ҳаёти он; анатомия, эмбриология ва гистологияи одамро дар бар мегирад. 2) Як фасли антропология аст, ки хусусиятҳои аъзои бадани одамро вобаста ба ҷинсу син, нажоду ҷои истиқомат, қаду баст ва касбу кор меомӯзад. Методҳои тадқиқоти морфологӣ дар антропологияи этнӣ ва омӯзиши антропогенез истифода мешаванд. Бе маълумотҳои морфологӣ дараҷаи монандӣ ва фарқи як нажоди одамро аз дигар, таърихи ташаккули онҳоро дуруст муайян кардан ва муносибатҳои инсони ҳозиразамонро ба аҷдодони гузашта аниқ муқаррар намудан мумкин нест. Морфологияи одам ба ду қисм ҷудо мешавад: мерология ё антропологияи анатомӣ ва соматология. Мерология тағйироти ҷузъӣ ва робитаи узву бофтаҳои ҷудогона (пӯшиши бадан, қисмҳои берунии узвҳои ҳис, узвҳои дарун, дандон, рагҳо, мушакҳо, скелет, мағзи cap ва ғ.), соматология бошад, тағйирёбандагӣ ва вобастагии аломатҳои сохти тамоми бадани одами зинда (андозаю массаи бадан, шакли берунии қисмҳои алоҳидаи бадан, аломатҳои ҷинсӣ, баъзе хосиятҳои хун ва ғ.)-ро меомӯзад. Солҳои 1960—70 хусусиятҳои морфологии одам вобас­та ба синну сол (махсусан ба муносибати пеш омадани масъалаҳое, ки ба акцелерация оиданд) мавриди тадқиқу таҳқиқи ҳамаҷиҳата қарор гирифт. Дар айни замон алоқаи ху­сусиятҳои морфологӣ бо ҷиҳатҳои биохимиявӣ, физиологӣ ва эндокринологӣ, генетикаи махсусиятҳои мор­фологӣ, таъсири омилҳои беруна ба морфотии одам низ васеъ омӯхта мешаванд. Маълумотҳои морфологӣ дар антропология ва эргономика, мас., ба як андозаи муайян овардани ягон чиз, тартиб додани колнои ка­ду бар ва ғ. истифода мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …