Маълумоти охирин
Главная / Биология / МИРИ МУШОН

МИРИ МУШОН

miri-mushonМИРИ МУШОН (Dryomys nitedu1а), ҳайвони хояндаест аз оилаи GH-ridae. Дарозии танаш то 11 см, думаш дарозу (то 10 см) сермӯй. Рангаш зардчаи бӯр ё хокистарӣ. Мири мушон Дар Европа, Осиёи Ғарбӣ, Марказӣ, Осиёи Миёна паҳн гаштааст. Дар Тоҷи­кистон Мири мушон дар ҳама ҷо (ғайр аз қисми ҷанубу ғарбӣ ва Помири Шарқӣ) дар баландиҳои аз 600 то 3400 м аз соҳили баҳр дучор меояд. Дар доманакӯҳҳои водии Фарғона дар дарахтзори сафедор, тут ва ғ боғҳои мева, дар Бадахшон ва қаторакӯҳҳои Тоҷикистони Марказӣ байни харсангҳо зиндагӣ мекунад. Дар ковокии дарахтҳо аз Шохчаю барг лона месозад. Мири мушон соле як маротиба 2—7-то насл медиҳад. Меваҳои гуногун (дӯлона, зицк, йстараи, себ ва ғ.)-ро мехӯрад. Моҳҳои октябр— ноябр ба хоби зимистон меравад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …