Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МИНДОВГ

МИНДОВГ

mindovgМИНДОВГ, Миндаугас (соли таваллуд номаълум — вафот 1263), князи кабири Литва (охири соли 1230—63). Миндовг заминҳои Литва (Аукштайтн, Жемайти ва диг.)-ро муттаҳид намуд ва шаҳрҳои рус—Новгородок, Слонин, Волковыскро ба худ тобеъ кард. Соли 1244 бар зидди ордени Ливон юриш кард. Орден бо феодалҳои Литва, ки ба Миндовг душманӣ доштанд, муттаҳид шуда, ӯро шикаст дод. Миндовг бо орден созиш пайдо кард (1250) ва мазҳаби католикиро қабул намуд (1251). Миндовг бо ин ҳама ба муборизаи нави зид­ди орден тайёрӣ медид. Ӯ бо князи Галицк Данимл шартнома баст (тақрибан 1253) ва духтарашро ба писа­ри вай ба занӣ дод, алоқаи худро бо князи кабири Владимиру Суздаль Александр Невский аз нав барқарор ва мустаҳкам намуд. Соли 1260 қӯшуни литвонизҳо дар назди кӯли Дурб қӯшунҳои муттаҳидаи орденҳои Ливону Тевтон ва иттифоқчиёни онҳо­ро торумор кард. Миндовг аз мазҳаби ка­толикӣ даст кашид. Дар натиҷаи сӯиқасд аъёну ашрофи феодалӣ кушта шуд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …