Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МИНДОВГ

МИНДОВГ

mindovgМИНДОВГ, Миндаугас (соли таваллуд номаълум — вафот 1263), князи кабири Литва (охири соли 1230—63). Миндовг заминхои Литва (Аукштайтн, Жемайти ва диг.)-ро муттахид намуд ва шахрхои рус—Новгородок, Слонин, Волковыскро ба худ тобеъ кард. Соли 1244 бар зидди ордени Ливон юриш кард. Орден бо феодалхои Литва, ки ба Миндовг душмани доштанд, муттахид шуда, уро шикаст дод. Миндовг бо орден созиш пайдо кард (1250) ва мазхаби католикиро кабул намуд (1251). Миндовг бо ин хама ба муборизаи нави зид­ди орден тайёри медид. У бо князи Галицк Данимл шартнома баст (такрибан 1253) ва духтарашро ба писа­ри вай ба зани дод, алокаи худро бо князи кабири Владимиру Суздаль Александр Невский аз нав баркарор ва мустахкам намуд. Соли 1260 кушуни литвонизхо дар назди кули Дурб кушунхои муттахидаи орденхои Ливону Тевтон ва иттифокчиёни онхо­ро торумор кард. Миндовг аз мазхаби ка­толики даст кашид. Дар натичаи суикасд аъёну ашрофи феодали кушта шуд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …