Маълумоти охирин

МЕҲНАТ

mehnatМЕҲНАТ, фаъолияти мақсадноки одам, ки дар ҷараёни он ӯ ба воситаи олоти меҳнат ба табиат таъсир расонда, онро тағйир медиҳад ва барои қонеъ гардонидани талаботи худ мувофиқ мегардонад. Аз ин нуқтаи назар Меҳнат ба гуфтаи К. Маркс шароити абадию табиии ҳаёти инсон аст, бинобар ин вай ба ягон шакли ҳаёт вобаста набуда, баръакс барои ҳамаи шаклҳои ҷамъиятии он умумӣ аст.

Меҳнат барои мавҷудият ва ташаккули инсон, барои тараққиёти шуур ва фаъолияти он, барои баланд бардоштани қобилият ва дараҷаи савияи он, ки асоси такомули муносибатҳои истеҳсолӣ мебошад, роли ҳалкунанда мебозад. Меҳнат ҳамчун фаъолияти ба мақсад мувофиқи инсон аз тайёр кардани олоти меҳнат cap шуда, то рафт мураккабтар, мукаммалтар мегардад ва шаклҳои гуногунро ба худ мегирад. Аз ин рӯ, нишонаи оддӣ ва ҳатмии Меҳнат олоти Меҳнат, воситаи Меҳнат ва худи Меҳнат аст.

Дар процесси истеҳсоли неъматҳои моддӣ одамон байни худ алоқа ва муносибатҳои муайяне пайдо мекунанд, ки он муносибатҳои истеҳсолиро ташкил медиҳад. Дар ҳар як марҳалаи таърихии инкишофи ҷамъият Меҳнат шакли ба худ хос дошта, он аз алоқаи қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ вобаста аст. Дар ҷамъияти ибтидоӣ асоси муносибатҳои истеҳсолиро моликияти қабила ба воситаҳои истеҳсолот ташкил медод. Дар он вақт ҳанӯз истисмори одам аз тарафи одам вуҷуд надошт. Дар замони феодализм замин ва қисман деҳқони крепостноӣ моликияти феодал ба шумор мерафт. Дар ҷамъияти капиталистӣ бошад, моликияти хусусӣ ба воситаҳои истеҳсолот асоси муносабатҳои истеҳсолиро ташкил медиҳад. Коргарони истеҳсолот дар ин ҷамъият ҳуқуқан баробар ва озод дониста шаванд ҳам, дар асл онҳо аз воситаҳои истеҳсолот маҳруманд ва аз гуруснагӣ маҷбуранд ба капиталист қувваи кории худро фурӯшанд. Шакли иқтисодии маҷбур кардан ба

Меҳнат ба капиталистон армияи калони қувваи кориро ба вуҷуд меоварад, ки он ба мол табдил меёбад.

Дар шароити истеҳсолоти молӣ Меҳнат характери духӯра дорад. Аз як тараф, Меҳнат Меҳнати конкретист, ки арзиши истеъмолии молро ташкил медиҳад ва аз тарафи дигар, меҳнати абстрактии дар мол таҷассумёфта арзиши молро ба вуҷуд меоварад. Чунин хусусияти духӯрагии Меҳнат зиддияти байни Меҳнати шахсӣ ва ҷамъиятиро ифода мекунад. Дар шароити капитализм Меҳнат чун Меҳнати шахсӣ ба зуҳур омада, хусусияти ҷамъиятии он фақат дар бозор равшан мегардад, ки яке аз зиддиятҳои антагонистии капиталистиро нишон медиҳад. Баробари тараққиёти капитализм истисмори Меҳнати кироя пурзӯр шуда, музди ҳақиқии Меҳнати коргарон паст мешавад қашшоқшавии нисбӣ ва мутлақи пролетариат пурзӯр мегардад, бекорӣ меафзояд ва муборизаи синфӣ байни Меҳнати кироя ва капитал тезу тунд мешавад.

Характери Меҳнат дар замони социализм ва коммунизм ба куллӣ тағйир меёбад. Асоси муносибатҳои истеҳсолиро ҷамъиятӣ будани воситаҳои истеҳсолот ташкил мекунад.

Муносибатҳои социалистии истеҳсолот ба пайдоиши қонунҳои нави иқтисодӣ — қонуни асосии иқтисодии социализм, қонуни тараққиёти мунтазам ва мутаносиби хоҷагии халқ, қонуни тақсимот мувофиқи меҳнат ва ғайра, ки характер, табиат ва ташкили Меҳнатро муайян месозад, мусоидат мекунанд. Табдили Меҳнати асоратовар ба Меҳнати озод, ҳамоҳангӣ ва мутобиқати Меҳнати шахсӣ ва Меҳнати ҷамъиятӣ, муносибати нави эҷодӣ ба Меҳнат, кооперацияи социалистии Меҳнат хусусиятҳои асосии давраи социализм мебошанд. Ба ҷамъияти социалистӣ ҳуқуқ ба Меҳнат ва умумияти он, мувофиқати ҳавасмандкунии моддию маънавии Меҳнат, дар асоси инкишофи доимӣ ва босуръати ҳосилнокии Меҳнат баланд бардоштани дараҷаи зиёдатии меҳнаткашон ва тамоми халқ, тадриҷан барҳам додани зиддияти ғайриантагонистии иҷтимоӣ ва зиддияти Меҳнати ҷамъиятӣ хос аст. Кооперацияи социалистии Меҳнат ҳамоҳангӣ ва мутобиқати манфиатҳои шахсӣ ва ҷамъиятӣ, пайдоиш ва инкишофи муносибатҳои нави бошууронаро нисбат ба Меҳнат таъмин мекунад.

Ташкили ҷамъиятии Меҳнат ва инкишофи бомуваффақияти он дар шароити иқтисодиёти социалистӣ танҳо дар сурати мувофиқати оқилонаи мутамарказонӣ бо инкишофи демократия, шаклҳои демократӣ ва усулҳои роҳбарӣ ба Меҳнати ҷамъиятӣ имковпазир аст. Барои пурра истифода бурдани қобилият, истеъдод ва ташаббуси иштирокчиёни истеҳсолоти ҷамъиятӣ, ҳуқуқӣ коллективҳои корхонаю ташкилотҳо, мувофиқати манфиатҳои шахсӣ, коллективию ҷамъиятии коркунон васеъ мешавад. Дар замони социализм ҳосилнокии Меҳнат дар асоси такмил ва ба истеҳсолот ҷорй намудани навигариҳои техника, истифода бурдани технологияи навтарин, беҳтар ташкил намудани Меҳнат ва ғ. меафзояд ва дар ҳамин замина сатҳи зиндагии меҳнаткашон баланд бардошта шуда, некӯаҳволии онҳо беҳтар мегардад.

Дар шароити социализми мутараққӣ тафовути иҷтимоию иқтисодии Меҳнати ҷамъиятӣ ба мисли фарқияти байни Меҳнати фикрӣ ва ҷисмонӣ, Меҳнати шаҳру қишлоқ ва ғ., ки дар зинаи якуми ҷамъияти коммунистӣ вуҷуд доранд, таҷрибаи камшуда, бартараф мешаванд.

Ба Меҳнати коммунистӣ табдил ёфтани Меҳнати социалистӣ ва сохтмони базаи моддӣ-техникии коммунизм чунин дараҷаи баланди тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунандаро талаб мекунад, ки он афзоиши баланди ҳосилнокии Меҳнат, барҳам додани тафовути иҷтимоӣ-иқтасодии он, ҷамъиятӣ гардонидани Меҳнат ва ба талаботи аввалини ҳаётии ҳар як одам табдил ёфтани Меҳнат, инкишофи принципии «аз ҳар кас мувофиқи қобилияташ» ба принципи коммунистии тақсимот «ба ҳар кас мувофиқи талаботаш»-ро таъмин намояд.

Ад.: Марио К., Напитал, т. 1, Марко К. и Энгельс Ф, Соч., т. 10; Марио К., Энгельс Ф.. Ас. мун., Д-2, Д., 1005; Ленин В. И., Давлат ва революция. Ас., ҷ- 25; Подмарков В. Г., Социальные проблемы организации труда. М., 1900; Ҷангали И. И., Труд, Д., 1079.

Н. Ҷамолиддинов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …