Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

САЯН

САЯН (кӯҳҳои Саян), кишвари кӯҳиест, ки дар қисмҳои ҷанубии кишвари Красноярск ва вилояти Иркутск, қисми шимолии Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тува ва қисми ғар- бии Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Бурятия воқеъ гаштааст. Аз кӯҳҳои Олтои Шарқӣ, қаторкӯҳи Абакан ва Олатови Кузнеск (дар Ғарб) то кӯли Байкал (дар Шарқ) тӯл кашидааст. …

Муфассал »

САЯЛОН

САЯЛОН (арабӣ—ҷоришавӣ), дар тибби қадим истилоҳест, ки ҷорӣ шудани ҳар як моддаи моеъро ифода мекунад. Беист рехтани оби чашмро Саялони ашк ва аз бачадони занҳо рафтани рутубатро Саялони р а ҳ и м меноманд.

Муфассал »

САЪДУЛЛОЕВ Муллоҷон

САЪДУЛЛОЕВ Муллоҷон (1903, деҳаи Қаратоғ —1978, Душанбе), яке аз муборизони фаъоли барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Аз оилаи оҳангар. Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1925. Солҳои 1913—1918 батрак дар Қаратоғ 1918—1920 бофандаи даргоҳи бой. Соли 1921 …

Муфассал »

САЪДУДДИНИ ҲАММУӢ Муҳаммад ибни Ҷувайнӣ

САЪДУДДИНИ ҲАММУӢ Муҳаммад ибни Ҷувайнӣ (соли таваллуд номаълум — Вафот 1252), яке аз намояндагони машҳури тасаввуф (асри 13). Аз шогирдон ва пайравони Наҷмуддипи Кубро ва Ибни Арабӣ. Давраи ҷавониаш дар Ҷувайни Хуросон гузаштааст. Оид ба ҷараёни зиндагиаш дар сарчашмаҳои таърихӣ маълумоти кофӣ наомадааст. «Латоиф-ут-тавҳид фӣ ғароиб-ит-тафрид», «Алмисбоҳ фӣ-т-тасаввуф», «Баҳор-ул-ғариб» асарҳои …

Муфассал »