Маълумоти охирин
Главная / Биология / МАГАСҲО

МАГАСҲО

magashoМАГАСҲО (Muscidae), оилаи ҳашарот аз гурӯҳи дуболаҳо. Дар дуяьд қариб 5 ҳазор намуди онҳо маълуманд. Баданашон тира, баъзан зард ё кабуд ва ё сабзи ҷилодор. Аз 1 то 2 ҳазор (дар давоми умри худ) дона тухм мегузоранд; баъзеашон зиндазо. Кирми Магасҳо дар моддаҳои пӯсидаи органикӣ, нору, баъзан дар бофтаҳои зиндаи растаниву ҳайвон инкишоф меёбад. Зиёда аз 50 намуди Магасҳо (магаси хонагӣ, магаси бозор ва ғ.) ангезандаву паҳнкунандаи касалиҳои сироятии одам ва ҳайвон (ва бо, исҳоли хунин, сӯхтанӣ, трипаносомозҳо ва ғ.) мебошанд. Баъзеи Магасҳо (мас., магаси карам, магаси пиёз ва ғ.) ба зироати хоҷагии қишлоқ зарари калон мерасонанд. Усулҳои мубориза; риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар маҳалҳои аҳолинишин ва истифодаи инсектицидҳо.

Ад.: Зимин Л. С., Эльберг К. Ю.. Определитель насекомых Европейской части СССР, т. 5, ч. 2, Л., 1970.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …