Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХАРДУМА

ХАРДУМА

ХАРДУМА, 1) хардумак (Dastulis- glomerata), гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи хӯшаиҳо. Пояаш сахту рост (тақрибан 1 м), сербарг.

Дар Тоҷикистон хардумаҳои худрӯй ҷузъи таркибии набототи гуногуни ноҳияҳои кӯҳсор (1100—2800 м аз сатҳи баҳр) ҳисоб меёбад. Дар қисми марказии қаторкӯҳи Ҳисор, нишебиҳои шимоли кӯҳи Рангон ва мавзеи Ховалинг марғзорҳои калони хардума ҳастанд. Xардума яке аз гиёҳҳои беҳтарини хӯроки чорвост. Ҳоло онро фаронои кишт мекунанд. Ҳангоми ба марғзори Xардума пошидани нурии нитрогендор (60—90 кг/га) аз ҳар га 60— 80 ц алаф дарапидан мумкин аст. Хардумазорро барои чаронидани чорво ва алафдаравӣ истифода мебаранд. Хошоки Xардума (ҳалгоми гулкунӣ) 10 фоиз протеин ва 7,9 фоиз сафеда, 2,6% равған дорад.
2) Xардумкаҳ (Ногdeum bulbosum), гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи хӯшаиҳо. Аз 50 то 190 см қад мекашад. Хардумкаҳ дар минтақаҳои миёнакӯҳи Тоҷикистон (800—2500 м аз сатҳи баҳр) алафзори нимсаваннаро ба вуҷуд меорад. Дар кӯҳи Рангон ва мавзеи Ховалинг хардумкаҳаори калоне ҳаст, ки аз ҳар га-и он 15—25 с хошоки хушсифат меғундоранд. Аввали баҳор ба марғзори хардумкаҳ пошидани нурии нитрогендор (60—90 кг/га) ҳосили онро хеле (то 60—70 с) зиёд мекунад. Хошоки хардумкаҳ (ҳангоми гулкуни) 10—13% протеин, 7,5— 9,8% сафеда, 2,6% равған, 8,5% қанд ва ғайра дорад.
Адабиёт: Флора Таджикской ССР. т. 1, Москва— Л., 1957; Брежиев Душанбе, Коровин О. Н., Дикие сородичи культурных растений флоры СССР, Л.. 1981.
А. Мадаминов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …