Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия (страница 2)

Ҷуғрофия

Жаҳон Янгиликлари

Деҳаи САФЕДОРОН

САФЕДОРОН, деҳаест дар Совети қишлоқ Ҳакимии райони Комсомолободи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территорияи совхози «Чорсада». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 7 километр, то район 30 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 115 нафар (1981), тоҷикон, Мактаби ибтидоӣ ва чойхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ ғаллакорӣ, боғдорӣ, кирмакдорӣ ва чорводорист. Заминҳо аз чашмаҳо …

Муфассал »

Деҳаи САФЕДОРАК

САФЕДОРАК, деҳаест дар Совети қишлоқ Деҳмалики райони Ленини Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территорияи совхози ба номи Ҳасан. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 9 километр, то район 77 километр. Аҳолиаш 260 нафар (1981), тоҷикон. Мақтаби 8-сола дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ чорводорӣ ва тамокукорист. Заминҳо аз сои Сафедорак обёрӣ мешаванд. Дар …

Муфассал »

Деҳаи САФЕДОБ (ш. Ваҳдат)

САФЕДОБ, деҳаест дар Совети қишлоқ Тугмазори шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон. Территорияи колхози «Коммунизм». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 12 километр, то район 49 километр. Аҳолиаш 95 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ чорводорӣ ва ғаллакорист. Заминҳояш лалмианд.

Муфассал »

Деҳаи САФЕДОБ (Кӯлоб)

САФЕДОБ, деҳасст дар райони Москваи вилояти Кӯлоб, маркази Совети қишлоқ ба номи М. И. Калинин. Территорияи колхози ба номи С. М. Киров. Аз деҳа то маркази райои 14 километр километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 1130 нафар (1981), тоҷикон. Де- ҳа 2 мактаби миёна, қасри маданият, китобхона, 2 клуб, кинотеатр ка- салхонаи …

Муфассал »

Деҳаи САФЕДОБ (н. Нуробод)

САФЕДОБ, деҳаест дар ноҳияи Нурободи Тоҷикистон. Территорияи совхози «Чорсада». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 11 километр, то район 31 километр. Аҳолиаш 160 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби ибтидоӣ ва пункти тиббӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷаги ғаллакорӣ, боғдорӣ, кирмакдорӣ ва чорводорист. Заминҳо аз чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Деҳаи САФЕДОБ (н. Вахш)

САФЕДОБ, деҳаест дар Совети қишлоқ Оқғозаи райони Вахш, вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи колхози «Москва». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 2 километр, то район 10 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 475 нафар (1981), тоҷикон ва ӯзбекҳо. Деҳа ма- газин ва чойхона дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ пахтакорист. Заминҳо аз канали дарахтзор обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Қаторкӯҳи САФЕДКӮҲ

САФЕДКӮҲ, қаторкӯҳест дар шимоли ғарби Афғонистон. Қисми меҳварии системаи кӯҳҳои Паропамизро ташкил медиҳад. Тӯлаш қариб 350 километр, баландиаш то 3642 метр. Ба самти арзӣ кашол ёфта, водии дарёҳои Мурғоб ва Ҳарирудро аз ҳам ҷудо мекунад. Асосан аз оҳаксанг таркиб ёфтааст. Дараҳояш бисёранд. Ландшафти нишебиҳои қаторкӯҳ нимбиёбонӣ буда, баъзан арчазор ва …

Муфассал »

Деҳаи САФЕДКӮҲ

САФЕДКӮҲ, деҳаест дар Совети қишлоқи Навдии райони Ғарми Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территорияи совхози «50-солагии Тоҷикистон». Аз Сафедкӯҳ то маркази Совети қишлоқ 2 километр, то район 1 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 540 нафар(1981), асосан тоҷикон. Соҳаи асосии хоҷагӣ боғдорист. Заминҳо аз канали Бедак ва чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

Деҳаи САФАРМАТ

САФАРМАТ, деҳаест дар райони Фархори вилояти Кӯлоб, маркази Совети қишлоқи Ватан. Территорияи колхозизи ба номи Владимир Илич Ленин. Аз деҳа то маркази район 10 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 610 нафар (1981), асосан тоҷикон. Мактаб-ин- тернати давлатӣ, 2 клуб, 2 китобхона, касалхона, дорухона, шӯъбаи алоқа, нуқтаҳои хизмати маишӣ (сехҳои печкасозӣ, оҳангарӣ, …

Муфассал »

САТҲИ БАҲР

pastii-nazdi-bahri-siyoh

САТҲИ БАҲР, ҳолати ороми сатҳи баҳру уқёнусҳоро гӯянд, ки онро аз рӯи хатти шоқулӣ нисбат ба сарҳисоби шартӣ чен мекунанд. Тағйири ҳолатҳои сатҳи об бештар дар пасту баландшавии Сатҳи баҳр зоҳир мегардад. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР баландиҳои мутлақи нуқтаҳои рӯи заминро аз сатҳи баҳр …

Муфассал »