Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи САФЕДОРОН

Деҳаи САФЕДОРОН

САФЕДОРОН, деҳаест дар Совети қишлоқ Ҳакимии райони Комсомолободи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территорияи совхози «Чорсада». Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 7 километр, то район 30 километр; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 115 нафар (1981), тоҷикон, Мактаби ибтидоӣ ва чойхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ ғаллакорӣ, боғдорӣ, кирмакдорӣ ва чорводорист. Заминҳо аз чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …