Маълумоти охирин
Главная / Биология (страница 28)

Биология

УРУТ – мириофиллум

myriophyllum-mattogrossense_int2

УРУТ, мириофиллум (Муriophulium) як ҷинси гиёҳҳои обӣ ва ботлоқист (аз оилаи Насоragaseae). Баргаш пармонанд, гулаш майдаи беранг, хӯшагулаш саракмонанд. Баъpе Урутро дар аквариумхо мепарваранд.

Муфассал »

УРОБАКТЕРИЯҲО

gigiena-17

УРОБАКТЕРИЯҲО (аз уро… ва бактерияҳо), бактерияҳоеро гуянд, ки карбамидро то аммиак ва дуоксиди карбон гидролиз мегуяанд: СО(NН2)2 + НаО СO2 + 2NН3. Ба уробактерияҳо аэробҳое мансубанд, ки дар муҳити ишқории баланд (рН = 9,5) афзоиш мекунанд. Уробактерияҳо дар хок, пешоб, пору, обҳои равон ва ғайра зиндагӣ мекунанд.

Муфассал »

УРЕТРИТ

УРЕТРИТ, илтиҳоби шадид ё музмини пардаи луобии пешоброҳаро гӯянд. Ба Уретрит бештар мардҳо гирифтор мешаванд. Одатан ҳангоми алоқаи ҷинсӣ мегузарад. Уретрит метавонад сӯзокӣ, трихомонадӣ ва номахсус шавад. Уретрити шадид баъди як чанд шаборӯз (ҳангоми сӯзок 3—4, ҳангоми трихомоноз ва Уретрити номахсус баъди 5—20)-и сироят ёфтан оғоз меёбад; аз пешоброҳа мадда …

Муфассал »

УРЕМИЯ

uremia

УРЕМИЯ (аз юнонӣ uron — пешоб ва haima — хун), худзаҳролудкунии шадид ё музмини организм, ки дар натиҷаи номураттабии кори гурда ба вуҷуд меояд. Уремияи шадид ҳангоми заъфи пуршиддати гурда (дар давраи олигурия — кампешоби) пайдо мешавад, ки дар натиҷа дар хун миқдоран креатинин, карбамид, индикан ва аммиак хеле зиёд …

Муфассал »

Харбузаи УРГАНҶӢ

xarbuza1

УРГАНҶӢ, як навъ харбузаи миёнсолист. Тухмшакл (дарозиаш 17— 23 см). Пӯсташ туртӯр, сабзи зардтоб, мағзаш сафед, ғафс (4—6 см),сершираву ширин (5,5—7,1% қанд, аз он ҷумла 2,6—4,9% сахароза, инчунин 7,2— 9,7% моддаҳои хушк дорад). Вазни як донааш 2,5—4 кг. Даври нашваш (аз нешзани то пухтани ҳосил) 72—78 рӯз. Аз ҳар га …

Муфассал »

УРБАЁН

УРБАЁН урбиён, полипи бинӣ, омоси лаҳм (бавосир, ангурак)-и биниро гӯянд. Урбаён одатан дар луобпардаи ковокия бинӣ ҷойгир шуда шаклаш ба донаи ангур ё занбӯруғ монанд аст. Аломати асосии касалӣ — тавассути бинӣ душвор нафас гирифтан аст. Муолиҷа — ҷарроҳӣ.

Муфассал »

УННОБ

УННОБ, уноб, ҷелонҷигда, дарахтест, ки мевааш ба санҷид (ҷигда) монандӣ дорад, вале аз вай сурхтар ва сергӯшттар мешавад.

Муфассал »

Харбузаи УМРБОҚӢ

xarbuza

УМРБОҚӢ, навъи харбузаи дерпазак. Тухмшакл, дарозиаш 23—28 см, вазнаш 3—6 кг. Пӯсташ сахт, суфтаи қисман тӯр-тӯр, дар қисми нӯк тӯр надорад ва доғҳои зард дорад. Рангаш сабзи сиёҳтоб, сершира, хуштаъму хушбӯй, то 10,5% қанд дорад. Баъди 115—130 рӯзи кишт мепазад. Аз ҳар га то 250 с ҳосил медиҳад. Дар районҳои …

Муфассал »