Маълумоти охирин

Архивы за день : 23.01.2018

МУХҲАРРИКИ АВТОМОБИЛ

muharriki-avtomobil

МУХҲАРРИКИ АВТОМОБИЛ, муҳаррике, ки барои ба ҳаракат овардани автомобил хизмат мекунад (му­ҳаррики дарунсӯз, дизел ва ғайра) Муҳаррики автомобил 4, 6, 8 ва 12-силиндра мешавад, ки онҳоро қатор ё V-шакл ҷойгир мекунанд. Поршенҳои муҳаррикҳои дарунсӯзи карбюраторӣ аксар аа хулаҳои алюминий  ва поршенҳои дизел аз ҷӯян сохта мешавад. Муҳаррики автомобили замонавии аз …

Муфассал »

МУҲАРРИКИ АВИАТСИОНӢ

muharriki-aviatciony

МУҲАРРИКИ АВИАТСИОНӢ, муҳаррикест барои ба ҳаракат оварда­ни аппаратҳои парши (дар ҳаво), мисли самолёт, вертолёт, дирижабл ва ғайра. Нахустин Муҳаррики авиатсионӣ муҳаррики буғии самолёти А. Ф. Можайский (1885) буд. Баъд Муҳаррики авиатсионӣ дар асосӣ муҳаррики дарунсӯзи поршенӣ сохта шуд. Зарурати зиёд кардани суръату борбардории самолёт, омили асосии тараққии Муҳаррики авиатсионӣ гардид. …

Муфассал »

МУҲАРРИКИ АБАДӢ

muharriki-abadi

МУҲАРРИКИ АБАДӢ, перпету­ум мобиле (лот. Регpetuum mobile, айнан-ҳаракати абадӣ), мошини хаёлиест, ки баъди як маротиба ба кор даровардан бе истифодаи энерги­яи беруна муддати дароз (абадӣ) муттассил кор карда метавонад. Чунин Муҳаррики абадӣ Муҳаррики абадии навъи 1 номида мешавад. Муҳаррики абадӣ ба қонуни бақо ва бадалшавии энергия муолиф аст, аз ин …

Муфассал »

МУҲАРРИК-ГЕНЕРАТОР

muharrik-generator

МУҲАРРИК-ГЕНЕРАТОР, мотор-генератор, таҷҳизотест иборат аз муҳаррики электрӣ ва генератори ҷараёни электрие, ки ба ҳамдигар ба таври механикӣ васл карда шудаанд. Муҳаррик барои як намуди ҷараёни электрро ба намуди дигари он табдил додан (бештар ҷараёни тағйирёбандаро ба ҷараёни доимӣ), инчунин барои таб­дил додани адади фазаҳо ва басомад хизмат мекунад. Масалан, онро …

Муфассал »

МУҲАРРИК

muharrik

МУҲАРРИК (ар. ба ҳаракат оранда), мошини қуввагиест, ки ягон намуди энергияро ба кори механикӣ табдил медиҳад. Муҳаррик вобаста ба навъҳои худ кори механикиро аз ротори чархзананда, аз ҳаракати пешравандаю баргардандаи поршен ё аз аппарати реактивӣ гирифта метавонад. Муҳаррик мошинҳои корӣ, воситаҳои нақлиёти хушкигарду обӣ, ҳавоиву кайҳонӣ, дастгоҳҳои истеҳсоливу техноло­гӣ, асбобҳои …

Муфассал »

МУҲАРРАМ

hijr

МУҲАРРАМ (ар. (ҳаром кардашуда), номи моҳи аввали солшумории қамарии ҳиҷрӣ. Ин  моҳро арабҳо барои он «муҳаррам» номи­даанд, ки дар он ҷанг кардан мамнӯъ буд. Дар даҳ рӯзи аввали моҳи Муҳаррам аҳли шиа имом Ҳусайнро ёдоварӣ намуда, ба марги ӯ мотам мегиранд. Дар ин рӯзҳо, хусусан рӯзи 10-ум, ки ошуро номида …

Муфассал »

МУҲАММАДҶАЪФАРИ КИФОЯТ

nophoto

МУҲАММАДҶАЪФАРИ КИФОЯТ  (соли таваллудаш номаълум—вафоташ 1683), хаттоти асри 17 тоҷик. Яке аз устодони хати шикаста. Аслан аз Ҳирот буда, дар Ҳиндустон мезистааст. Баробари навиштани хати шикаста дар таълиқ низ маҳорат доштааст. Дар замони Шоҳиҷаҳон муддатҳо дар девони шоҳӣ машғули хидмат буда, дар аҳди Оламгир вафот кардааст. Намунаи осораш боқист.   …

Муфассал »

МУҲАММАДҲУСАЙНИ ҲИРАВӢ

nophoto

МУҲАММАДҲУСАЙНИ ҲИРАВӢ (соли таваллуд ва вафоташ но­маълум), хушнависи асри 15 форс-тоҷик. Писари Хоҷа Сонени вазир. Ас­лан аз Бохарз буда, дар Ҳирот умр ба сар бурдааст. Муҳаммадҳусайн Ҳиравӣ аз шогирдони Миралии Ҳиравӣ ва Муҳаммадқосими Шодишоҳ аст. Шоҳ Таҳмоспи Сафавӣ Муҳаммадҳусайни Ҳиравиро ба Қазвин даъват кард. Пас аз чанде аз хизмати дарбор …

Муфассал »

МУҲАММАДҲУСАЙНИ ТАБРЕЗӢ

nophoto

МУҲАММАДҲУСАЙНИ ТАБРЕЗӢ  (соли  таваллудаш номаълум — вафоташ 1578, Қазвин), хушнавис ва донишманди форс-тоҷик. Зодгоҳаш шаҳри Табрез. Номи падараш Мавлоно Иноятуллоҳ. Муҳаммадҳусайни Табрезӣ дар Машҳад аз Саидаҳмади Машҳадӣ ва Мирҳайдар навъҳои гуногуни хатро омӯхт. Ҳамроҳи Молики Дайламӣ кор карда, ба такмили хат пардохт. Муҳаммадризои Табрезӣ, Беҳбуди Шоҳаншоҳӣ ва Муҳаммадшариф}) Алиризои Аббосӣ …

Муфассал »

МУҲАММАДҲУСАЙН СОБИРИ ТАБРЕЗӢ

nophoto

МУҲАММАДҲУСАЙН СОБИРИ ТАБРЕЗӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), ҳаттот, наққош, ҷадвалкаш, лаввоҳи асри 17. Шогирди Миралии Хаттот. Аз овони ҷавонӣ ба нигоришу хушнависӣ, ҳалкорию лаввоҳӣ шуғл дошта, дар айни ҳол санъати наққоширо аз Мирзоалии Мусаввир ва Мираки Исфаҳонӣ омӯхт. Баъ­ди камолоти ҳунар ба Табрез рафта, дар он ҷо девонҳои Саъдӣ, …

Муфассал »