Маълумоти охирин
Главная / 2018 / January / 23 (страница 2)

Архивы за день : 23.01.2018

МУҲАММАДҲОШИМ

nophoto

МУҲАММАДҲОШИМ   оил. Мавлоно (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1564, Лоҳур), шоири форсизабони Ҳиндустон. Доир ба зиндагӣ ва эҷодиёти ӯ маълумоти кофӣ нест. Вай шоири ғазалсаро буда, дар ҷавонӣ гоҳе «Самоӣ» ва гоҳе «Вофӣ», дар поёни зиндагиаш «Ҳошим» тахаллус кардааст. Ашъори парокандаи ӯ дар баёзу сарчашмаҳои адаби ба назар мерасанл. Мавзӯи …

Муфассал »

МУҲАММАДҲАЙДАРИ МУСАВВИР

nophoto

МУҲАММАДҲАЙДАРИ МУСАВВИР (соли таваллуд ва           вафоташ номаълум), наққош, хаттоти охири асри 15 — аввали асри 16. Зодгоҳаш Ҳирот буда, дар Табрезу Исфаҳон умр ба сар бурдааст. Шогирди Камолуддин Беҳзод. Дар нигориши мусаввараҳои манзаравӣ, сураткашӣ, сиёҳқаламӣ ва хушнависӣ ҳампояи устодаш буд. Муҳаммадҳайдари  Мусаввир дар Табрез як силсила минётурҳо эҷод кардааст, ки …

Муфассал »

МУҲАММАДҲАЙДАР

nophoto

МУҲАММАДҲАЙДАР (1409—1551), муаррих, ходими дав­латии Муғул ва Туркистони Шарқӣ, набораи хони ҷағатой Юнус, писархолаи Бобур. Бобур ӯро Мирзоҳайдар номидааст. Муҳаммадҳайдар муаллифи асари таърихии «Таърихи Рашидӣ» (1541— 1547) мебошад, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ навишта шудааст. Ин асар ба таърихи ҳокимони Муғул ва амирони Қошғар бахшида шудааст. Инчунин дар бораи аҷдоди ӯзбекҳо …

Муфассал »

МУҲАММАДҚОСИМИ ШОДИШОҲ

nophoto

МУҲАММАДҚОСИМИ ШОДИШОҲ  (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттоти асри 16 форс-тоҷик. Хаташ беназир будааст ва ба гуфтаи муаллифи «Райҳони настаълик» ин ҳунар (санъати хаттотӣ) бо вай хатм аст. Муҳаммадқосими Шодишоҳ аз хушнависон Султон– муҳаммади Нур ва Султонмуҳаммади Хандон санъати хаттотӣ омӯхтааст. Аз намунаи ҳунари ӯ як нусха «Де­вон» и Хоҷа …

Муфассал »

МУҲАММАДҚОСИМИ СОҲИРИ ТУНӢ

nophoto

МУҲАММАДҚОСИМИ СОҲИРИ ТУНӢ  (соли таваллуд ва Вафоташ номаълум), ҳофиз, бастакор, машшоқи асри  16. Зодгоҳаш Тун (Хуросон), дар Широт фавтидааст. Дар Исфаҳон таҳсил карда, илмҳои бадеъ, қофия, ахлоқ, фалсафа, риёзиётро омӯхтаст. Ӯ овози баланд ва форам дошта, сурудҳои ахлоқӣ, ирфонӣ, фалсафиро ба дараҷаи устодӣ месурудааст. Дар марсияхонӣ устоди ягонаи замон будааст. …

Муфассал »

МУҲАММАДӢ

nophoto

МУҲАММАДӢ     (таваллудаш   байни солҳои 1508—1510—вафоташ номаълум), мусаввир ва минётурнигори асри 16. Аслан аз Табрез. Писари Султонмуҳаммади Табрезӣ. Санъати минётурнигориро аз падараш, ки яке аз намояндагони Мактаби минётури Табрез ва яке аз ҳунармандони китобхонаи дарбор буд, омӯхта, асарҳои аввалинашро дар пайравии ӯ эҷод кардааст. Яке аз минётурҳои аввалиии Муҳаммадӣ портрети шоҳзода …

Муфассал »

МУҲАММАДЮСУФ

nophoto

МУҲАММАДЮСУФ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), меъмор ва наққоши асри 14 форс-тоҷик. Аслан аз Табрез. Дар ороиш, нақшунигор ва кошикории як қатор ёдгоридои меъмории Шаҳрисабз иштирок кардааст. Дар сохтани Оқсароӣ (охири асри 14) ширкат дошта, алалхусус пештоқи бошукӯҳи онро бо нақшунигор ва кошишои беназир оро додааст. Ном ва санаи иморати …

Муфассал »

МУҲАММАДШАФЁЪИ ҲИРАВӢ

nophoto

МУҲАММАДШАФЁЪИ ҲИРАВӢ  (соли таваллуд ва вафоташ номаъ­лум), мутахаллис ба Шафеъо ва маъруф ба Пешво. Хаттоти асри 16. Зодго­ҳаш деҳаи Убаҳи музофоти Ҳирот.  Дар навиштани настаълиқ ва шикас­та устод будааст. Муҳаммадшафёъи Ҳиравӣ дар хати шикаста шогирди Мирзо Фасеҳии Ансорист ва дар ин хат ислоҳот ва навигарӣ дохил кардааст. Аксари устодон хати …

Муфассал »

МУҲАММАДШАФЁЪИ ШЕРОЗӢ

nophoto

МУҲАММАДШАФЁЪИ ШЕРОЗӢ  (1783, Шероз —1846, ҳамон ҷо), хушнавис ва шоири форс. Падараш Муҳаммадисмоил ном дошт. Лақабаш Мирзо Кӯчак, тахаллуси адабиаш Висол. Муҳаммадшафъёи Шерозӣ ҳамаи навъи хатҳои давр, хусусан, хати насхро хуб менавишт. Ӯ инчунин илмҳои сарфу наҳв, ҳикмат, риёзиёт, мусиқӣ ва арӯзу кофияро мукаммал аз худ карда буд. Аз ӯ …

Муфассал »

МУҲАММАДШАРИФИ САМАРҚАНДӢ

nophoto

МУҲАММАДШАРИФИ САМАРҚАНДӢ   (соли таваллуд ва вафоташ номаълум),            меъмор ва ҳунарманди охири асри    16— аввали  асри   17        тоҷик. Ас­лан аз Самарқанд, Дар сохтани гумбаз ва ороиши ёдгориҳои меъморӣ маҳорат дошт. Ба ХҲиндустон рафта, солҳои 1632—1650 ба сохтмони мақбараи Тоҷкаҳал сарварӣ кард ва намунаи мукаммалтарину нодиртарини санъа­ти гунбазсозии Осиёи Миёна ва Шар­қи …

Муфассал »