Маълумоти охирин

Архивы за день : 22.01.2018

МУҲАММАДШАРИФ ИБНИ МУҲАММАДНАҚӢ

nophoto

МУҲАММАДШАРИФ ИБНИ МУҲАММАДНАҚӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), муаррихи асри 19 тоҷик. Дар бораи ӯ маълу­моти тарҷумаи ҳолӣ нест. Соли 1800 Муҳаммадшариф бо супориши амир Ҳайдар (ҳукмрониаш 1800—1826) асари «Тоҷ-ут-таворих»- ро навишт. Асар аз муқаддима, ду мақола ва хулоса иборат буда, воқеаҳои солҳои аввали ҳукмронии амир Ҳайдар, шаҷараи Манғития, Чингизхон …

Муфассал »

МУҲАММАДФАҚИР Оллоҳҳон

nophoto

МУҲАММАДФАҚИР  Оллоҳҳон (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), наққош ва мусаввири охири асри 16 — аввали асри 17-и форсу ҳинд, аз мусаввирони машҳури тасвирҳои сиёҳқаламӣ дар Мактаби минётури Темуриёни Ҳинд. Дар нигориши мусаввараҳои размӣ (баталӣ) маҳорати баланд доштааст. Муҳаммадфақир Оллоҳонд ар зодгоҳаш Деҳлӣ аз устодони номӣ Муҳаммадмуроди Самарқан­дӣ, Ром Дас, Калавант, …

Муфассал »

МУҲАММАДСОЛЕҲИ КАШФӢ

nophoto

МУҲАММАДСОЛЕҲИ КАШФӢ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1644), муншӣ, ҳаттот ва шоири асри 17 тоҷик. Писари Мирабдуллоҳи Тирмизии Мушкинқалам. Дар аҳди Шоҳиҷаҳон дар Ҳиндустон зистааст. Шоҳиҷаҳон ӯро ба аморати яке аз вилоятҳо серфароз гардонидааст. Муҳаммадсолеҳи Кашфӣ ғайр аз хаттотӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва ҳиндӣ шеър эҷод мекард. Ба тоҷикӣ Кашфӣ, …

Муфассал »

МУҲАММАДСОЛЕҲИ ИСФАҲОНӢ

nophoto

МУҲАММАДСОЛЕҲИ ИСФАҲОНӢ (соли таваллуд ва вафоташ но­маълум), хушнависи асри 17 форс. Па­дараш Мирзо Абутуроб хушнависи номдор ва шогирди Миримоди Ҳиравӣ буд. Муҳаммадсолеҳи Исфаҳонӣ ба Ҳиндустон ва Осиёи Хурд сафар кардааст. Дар бораи ҳаё­ти ӯ дар ягон сарчашма маълумоти мукаммал оварда нашудааст. Танҳо баъзе саҳифаҳои зиндагиаш дар тазкираи ӯ роҷеъ ба …

Муфассал »

МУҲАММАДСОДИҚ

nophoto

МУҲАММАДСОДИҚ  (таваллуд тақрибан 1547/50, Самарқанд — соли вафоташ номаълум), шоир ва тазкиранависи тоҷик. Аз оилаи ҳалвогар. Дар зодгоҳаш таҳсили илм намудааст. Доир ба ҳаёт ва эҷодиёти ӯ маълумоти каме дастрас аст. Муҳаммадсодиқ ба шаҳру деҳоти Мовароуннаҳр сафар карда, бо аҳли илму адаб ҳамсӯҳбат шудааст. Пас аз сафар, бино ба гуфтаи …

Муфассал »

МУҲАММАДСАИДИ КОТИБ

nophoto

МУҲАММАДСАИДИ КОТИБ  (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттоти асри 10 форс-тоҷик. Дар сарчашмаҳо роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти ӯ маълумоти кофӣ дида нашуд. Муҳаммадсаиди Котиб дар Бухоро дар китобхонаи султон Абдулазизхони II хаттотӣ мекарда­аст. Аз намунаи китобати ӯ як нусха «Равзат- ус-сафо»- и Мирхонд бо­қӣ мондааст. А. Нуров.

Муфассал »

МУҲАММАДРИЗОИ ҲИРАВИИ ХУРОСОНӢ

nophoto

МУҲАММАДРИЗОИ ҲИРАВИИ ХУРОСОНӢ      (соли таваллудаш номаълум, Ҳирот —1942, ҳамон ҷо), хушнавис ва музаддиби муосир. Дар Мадраса таҳсил карда сипас ба Машҳад рафт, ба таълими толибилмон пардохта, бо номи Шайхи Хуросонӣ машҳур гардид. Ҳангоми бозгашт ба Ҳирот ба Шайхи Тӯсӣ маъруф гашт. Дар хушнависӣ маҳорати комил дошта, настаълиқ , сулс, кӯфиро …

Муфассал »

МУҲАММАДРАҲИМХОНИ II

nophoto

МУҲАММАДРАҲИМХОНИ II — (1844—1910), хони Хева (1663—1910), шоир ва оҳангсоз. Дар аҳди Муҳаммадраҳимхони II ҷангҳои байниҳамдигарии феодалҳо авҷ мегирад, бори андозҳои гуногун зиёд мешавад, маҷбуриятҳои меҳнатӣ меафзоянд. Ҷангҳои дохилӣ хоҷагии халқ шаҳру деҳотро хароб мекарданд. Дар натиҷа хонии Хева суст мешавад. Соли 1873 Россияи подшодӣ хонии Хеваро забт карда, Муҳаммадраҳимхони …

Муфассал »

МУҲАММАДРАҲИМХОНИ I

nophoto

МУҲАММАДРАҲИМХОНИ I  (1775—1825), хони Хева. Яке аз сардорони қабилаи қунғурот буд ва барои баланд бардоштани обрӯю эътибори худ ҳокимияти Абулғозиро барқарор кард. Соли 1806 хони Хева  шуд. Муҳаммадраҳимхони I дар мамлакат ислоҳот гузаронида, системаи ягонаи андоз ва пулро ҷорӣ намуд. Барои мустаҳкаму васеъ кардани ҳудуди хонии Хе­ва, соли 1811 мулки …

Муфассал »

МУҲАММАДРАҲИМБИЙ

nophoto

 МУҲАММАДРАҲИМБИЙ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1758), асосгузори сулолаи Манғития, амири Бухоро (1753—1756). Муҳаммадраҳимбий як муддат дар дарбори Абулфайахон мансабҳои калонро ишғол карда, бо ёрии аҳли дин ва ашрофон ба тахти Бухоро нишаст. Дар давраи ҳукмронии Муҳаммадраҳимбий Шаҳрисабз, Ургут, Ҷиззах, Уротеппа, Хуҷанд, Тошкент, Ҳисор, Қабодиён ва дигарон мадалҳои аҳолинишин ба …

Муфассал »