МУҲАММАДРАҲИМХОНИ I (1775—1825), хони Хева. Яке
аз сардорони қабилаи қунғурот буд ва барои баланд бардоштани обрӯю эътибори худ ҳокимияти Абулғозиро барқарор кард. Соли 1806 хони Хева шуд. Муҳаммадраҳимхони I дар мамлакат ислоҳот гузаронида, системаи ягонаи андоз ва пулро ҷорӣ намуд. Барои мустаҳкаму васеъ кардани ҳудуди хонии Хева, соли 1811 мулки Арал, дертар қабилаҳои қароқалпокро ба худ тобеъ кард. Ӯ инчунин соли 1818 ба Хуросон юриш ташкил намуд. Муҳаммадраҳимхони I барои вусъат додани алоқаҳои тиҷоратӣ бо давлатҳои ҳамсоя низ кушид. Бо ин массад ӯ соли 1819 сафорати гурҷиҳоро ба хонии Хева бо сардории фармондеҳи корпуси алоҳида генерал Ермолов қабул кард.
Ш.Юсуфов.