Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЦВЕЙГ Стефан

ЦВЕЙГ Стефан

zweig
ЦВЕЙГ
(Zweig) Стефан (28. 11. 188,1, Вена —22. 2. 1942, Петрополис, Бразилия), нависандаи австриягӣ. Устоди новеллаи психологӣ (маҷм. «Амок», 1922; «Изтироби дил», 1927 ва ғ.). Муаллифи якчанд асарҳо— романҳои тарҷумаиҳолӣ («Мария Антуанетта», 1982; «Пирўзӣ ва фоҷиаи Эразми Роттердамӣ», 1984; «Бальзак», нашр. 1948) ва як зумра эссеҳо дар бораи суханварони бузурги ҷаҳон (аз ҷумла Л. Н. Толстой ва Ф. М. Достоевский). Якчанд новеллаи Цвейг («Қиссаи ишқи ҷавонӣ», «Мактуби зани ношинос», «Амок») ба тоҷикӣ тарҷума шудаанд,

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …