ЯСАВУЛ (аз муғулии дзасаул-анҷомдиҳандаи нишондодҳо), дар асрҳои миёна дар Муғулистону Қошғар, Қазоқистону Осиёи Миёна, Эрону Афғонистон ва ғ. шахси мансабдори хурдеро мегуфтанд, ки дар даргоҳи шоҳ ва ё хон хизмат мекард, амру фармоиши ҳокимону дарбориёнро ба ҷо меовард. Сардори Я.-ҳоро Ясавулбошӣ мегуфтанд.