Маълумоти охирин

ХУТАН

ХУТАН, яке аз қадимтарин шаҳр ва вилоятҳои таърихию мадание, ки дар Туркистони Шарқӣ воқеъ буд. Дар аҳди қадим дар Xутан сакоиҳо мезистанд. С. 39 то м. онро Хитой истило кард. Асрҳои 1—2 м. дар байни гуннҳо (хуннҳо) ва хитоиҳо муборизаҳои шадид сурат гирифтанд ва дар натиҷа Xутан аз нав соҳибихтиёр шуд. Асрҳои 2—7 вилоятҳои Туркистони Шарқӣ (Хутан, Ёрканд, Қошғар) дар натиҷаи ҷангҳои байниҳамдигарӣ ва тохтҳои қабилаҳои муғулнажод хароб гардиданд. Ибт а. 7 Xутан ва диг. вилҳои Туркистони Шарқӣ боз тобеи Хитой шуданд. С. 670 бошад, онҳоро тибетиҳо ба тасарруфи худ дароварданд. Дар асрҳои 9—10 Xутан тобеи қарлуқҳо ва аз а. 11 тобеи Қарахониён гардид. Асрҳои минбаъда дар Xутан Чағатониён ҳукмронӣ карданд. Ибт. а. 15 Xутан зердаст Темуриён шуд. 1759 хитоиҳо Туркистони Шарқиро ишғол карданд. С. 1826 аҳолии Xутан ва Ёрканд ба муқобили хитоиҳо шуриш бардошт. С. 1827 хитоиҳо шуришро пахш намуданд. С 1830 Муҳаммадалӣ (хони Хуқанд) бо қушуни чилҳазораи худ шаҳрҳои Xутан, Кошғар, Янгиҳисор, Ёрканд ва Оксуро забт кард, вале баъди ду моҳ ба сабаби тезутунд шудани зиддияташ бо амири Бvxopo ба Фарғона баргашт. Мулло Ҳабибуллоҳ ном ашрофе ҳокими Xутан таъйин шуд.

Шаҳри Xутан дар ду соҳили д. Юрункаш воқеъ буд. Сокинони Xутан аз қадим ба кирмакдорӣ, шоҳибофӣ. ғаллакорӣ (гандум ва ҷуворимакка) машғул буданд. Дар Xутан ҳунармандӣ аз ҷумла бофандагӣ) ривоҷ ёфта буд. Ох. а. 19 дар Хутан корхонаҳои калони қолинбофӣ, матоъҳои пахтагию пашмӣ вуҷуд доштанд. Дар Xутан калъагӣ, нефрит, зумуррад, ёқут, мумиё ва ғ. истеҳсол мекарданд.

Xутан ва дигар шаҳрҳои Туркистони Шарқӣ с. 1884 Синцзян ном гирифта, музофоти 19-уми Хитой гардиданд.

Ад.: Бартольд В. В., Соч.. т. 2, Ч. 2. М., (004.        Ғ. Ғоибов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …