Маълумоти охирин

ХУТАН

ХУТАН, яке аз кадимтарин шахр ва вилоятхои таърихию мадание, ки дар Туркистони Шарки вокеъ буд. Дар ахди кадим дар Xутан сакоихо мезистанд. С. 39 то м. онро Хитой истило кард. Асрхои 1—2 м. дар байни гуннхо (хуннхо) ва хитоихо муборизахои шадид сурат гирифтанд ва дар натича Xутан аз нав сохибихтиёр шуд. Асрхои 2—7 вилоятхои Туркистони Шарки (Хутан, Ёрканд, Кошгар) дар натичаи чангхои байнихамдигари ва тохтхои кабилахои мугулнажод хароб гардиданд. Ибт а. 7 Xутан ва диг. вилхои Туркистони Шарки боз тобеи Хитой шуданд. С. 670 бошад, онхоро тибетихо ба тасарруфи худ дароварданд. Дар асрхои 9—10 Xутан тобеи карлукхо ва аз а. 11 тобеи Карахониён гардид. Асрхои минбаъда дар Xутан Чагатониён хукмрони карданд. Ибт. а. 15 Xутан зердаст Темуриён шуд. 1759 хитоихо Туркистони Шаркиро ишгол карданд. С. 1826 ахолии Xутан ва Ёрканд ба мукобили хитоихо шуриш бардошт. С. 1827 хитоихо шуришро пахш намуданд. С 1830 Мухаммадали (хони Хуканд) бо кушуни чилхазораи худ шахрхои Xутан, Кошгар, Янгихисор, Ёрканд ва Оксуро забт кард, вале баъди ду мох ба сабаби тезутунд шудани зиддияташ бо амири Бvxopo ба Фаргона баргашт. Мулло Хабибуллох ном ашрофе хокими Xутан таъйин шуд.

Шахри Xутан дар ду сохили д. Юрункаш вокеъ буд. Сокинони Xутан аз кадим ба кирмакдори, шохибофи. галлакори (гандум ва чуворимакка) машгул буданд. Дар Xутан хунарманди аз чумла бофандаги) ривоч ёфта буд. Ох. а. 19 дар Хутан корхонахои калони колинбофи, матоъхои пахтагию пашми вучуд доштанд. Дар Xутан калъаги, нефрит, зумуррад, ёкут, мумиё ва г. истехсол мекарданд.

Xутан ва дигар шахрхои Туркистони Шарки с. 1884 Синцзян ном гирифта, музофоти 19-уми Хитой гардиданд.

Ад.: Бартольд В. В., Соч.. т. 2, Ч. 2. М., (004.        Г. Гоибов.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …