Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХУНГУЗАРОНӢ

ХУНГУЗАРОНӢ

ХУНГУЗАРОНӢ, гемотрансфузия, як усули муолиҷа (мас., ҳангоми бисёр талаф додани хун, боздоштани хунравӣ, бемориҳои хун ва ғ.) -ро гўянд, ки зимни он ба маҷрои раги бемор (реципиент) хуни донор (шахчи хундиҳанда) ё ҷузҳои он (массаҳои эритроцитӣ ё лейкоцитӣ ва ғ.), инчунин моддаҳои хунивазкунанда мефиристанд.

xunguzaroni

Бо мақсади муолиҷа истифода намудани хун (махсусан, хуни ҳайвонот) аз қадимулайём маълум аст. С. 1667 олими франсавӣ Ж. Дени хуни барраро бомуваффақият ба беморе, ки хунаш кам буд, гузаронд. Кушишҳои минбаъдаи ба одамон гузаронидани хуни ҳайвонот бенатиҷа монда, боиси марги беморон гардиданд. С. 1819 акушери англис Ҷ. Бландел аввалин шуда хуни одамро ба одам гузаронд. Баъди аз тарафи олими австриягӣ К. Ландштейнер (1901) ва духтури чех Я. Янский (1907) муайян шудани гуруҳҳои хун ва истифода шудани намаки натрии ҷавҳари лимў (Барои консервонии хун) Xунгузронӣ бехавф гардида, васеъ татбиқ ёфт. Кашфи резус-фактор Хунгухарониро боз ҳам бехвфтар кард. Хунро станцияи Xунгузаронӣ ҷамъ намуда, ба муассисаҳои табобатӣ мефиристад. С. 1926 дар Москва аввалин дар ҷаҳон Иниститути илмии Xунгузаронӣ ташкил шуд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …