Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХОРИ САГАК

ХОРИ САГАК

ХОРИ САГАК, гармалаф, сагакхор (Bldiens triparti), гиёҳи яксолаест аз оилаи мураккабгулҳо. Пояаш рост, сершох, аз 30 то 150 см қад мекашад. Баргаш 3— 5 парра (дарозиаш 3—7 см); гулаш майдаи зард; мевааш хоракҳои каҷ дорад, ки ба либос ё пашми ҳайвонот мечаспад; вазни 1000-тоаш 2 —3,5 г. Xори сагак аз июн то сент. гул мекунад.

xori-sagak

Xори сагаки худрўи дар шибарзамин, ҷойҳои сернами соҳили дарё, ҷўй, обанбор ва марғзори серрутубат мерўяд.

Дар СССР Xори сагакро чун гиёҳи доруӣ соле ба 200 га (минбаъд ба 600 га мерасад) мекоранд. Xори сагак растании хеле обталаб аст. Онро дар мавзеъҳои сернам (ҳавзаи дарё ва соҳили обанборҳо) мепарваранд. Xори сагакро аз тухмаш зиёд мекунанд. 80—90%-и тухмии ба тозагӣ чидашудаи он неш мезанад; тухмӣ дар муддати 5 —7 сол қобилияти сабзишашро гум намекунад. Тухмиро тирамоҳ 10—15 рўз пеш аз оғози сармо (ба чуқурии 1 см) ва аввали баҳор ба чуқурии 2—3 см (байни қаторҳо 45—60 см) мекоранд. Меъёри кишт ба ҳар га 10—12 кг. Давраи нашваш 120—140 рўз.

Баргу поя ва «сабадак»-и Xори сагак (қисми сербарги болои поя—«алаф») ашёи хоми саноати доруворист. «Алаф»-и Xори сагакро дар давраи ғунчабандӣ (то гулшукуфт) меғундоранд ва дар ҳарор. 45—50 С ё дар ҷои соя мехушконанд. Аз ҳар га 6— 15 ц (дар қитъаҳои таҷрибавӣ то 24 ц) ҳосил («алаф»-и хушк) мегиранд.

Дар амалияи тиб Хори сагакро барои табобати диатези бачаҳо, ширинча, рахит ва ғ. истифода мебаранд. Ҷўшоби он доруи ҷидди ширинча аст. Нақеъ (настой) -и онро чун доруи пешобу арақрон ва тақвиятдиҳандаи узвҳои ҳозима тавсия медиҳанд. Xори сагак ҷузъи доруи омехтаи «Чои Аверин (№ 57) аст, ки бемории ширинчаро барҳам медидад.

М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …