Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХОРГУЛАК

ХОРГУЛАК

xorgulak

ХОРГУЛАК, зурунг, хори зурунг (Ononis arvensis), гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи лубиёҳо. Аз 30 то 80 см қад мекашад. Пояаш якчандто, гулаш 5-баргчаи парвонашакл (дарозиаш 15—20 мм), гулобӣ ё сафеди гулобитоб. Хўшагулаш сергул. Ғилофакаш гирд ё байзашакли 2—4 тухма; тухмаш мудаввар ё гурдашакл (дарозиаш 3—3,2 мм, бараш 2—2,2 мм), дорчинӣ ё буртоб (вазни 1000-тоаш 5,5—6,5 ғ). Июнь —июл гул мекунад, тухмаш июл — сент. мепазад.

Хоргулаки худрўй дар минтақаҳои дашт ва бешадашти Қисми европоии СССР, Кавказ, инчунин Сибири Ғарбӣ ва Шарқӣ мерўяд. Дар республикаи мо Xоргулак асосан дар арчазор ва дашти зўлзадазор (трагакантзор)-и қ.кўҳҳои Ҳисору Дарвоз, Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Шарқи Помири Ғарбӣ (2000—2700 м аз с. б.) вомехўрад. Инчунин дар соҳили руду  ҷўйҳо ва киштзор месабзад. Ҳоло Хоргулакро дар кишвҳои Европаи Марказӣ ва СССР мепарваранд. Онро аз тухм зиёд мекунанд. 85— 90% тухмаш неш мезанад; қобилияти сабзиши худро 2—3 сол нигоҳ медорад. Одатан аввали баҳор (ба ҳар га 8—10 кг) мекоранд. Решаи Xоргулак ашёи хоми саноати тиббист. Тирамоҳ аз ҳар га замини Xоргулак 10-—20 ц решаи хушк меғундоранд. Бехи Xоргулак тиррешаи камшох, дароз ва чўбмонанд буда, мағзаш сафед аст. Ҷўшоби бехи Xоргулак барои табобати бавосир доруи хуб ҳисоб меёбад. Дорушиносон муайян кардаанд, ки ҷўшоби бехи Xоргулак гардиши хун, кори дилро метезонад, хунравиро боз медорад, инчунин хосияти пешобронӣ дорад барои организм безарар аст. Табибони халқӣ бо ҷўшоби решаи Xоргулак тарбодро табобат мекунанд. Онро инчунин доруи арақрон низ медонанд.

Бо Xоргулак матоъро зард мекунанд. Решаи Хоргулак гликоидҳо (ононин, оноспин, оноцерин), моддаҳои даббоғӣ, инчунин ба миқдори зиёд Са, Mg, Сu, Ti, V ва ғ. дорад.

Ад.: Флора Таджикской ССР, т. 5. Л.. 1978: Полуденный Л. В., Сотник В. Ф., Xлапцев Е. Е., Эфиромасличные и лекарственные растения. М.. 1979.

М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …