Маълумоти охирин

ХОРАЗМ

ХОРАЗМ вилояти таърихӣ  ва давлати қадими Осиёи Миёна, ки дар поёноби д. Аму воқеъ буд. Дар катибаи Бесутун ва Авесто дар қатори вилоятҳои қадимтарини Осиёи Миёна ва Эрон Xоразм низ ном бурда шудааст. Бино ба маълумоти Истахрӣ  ва Муқаддасӣ , Xоразм аз якчанд шаҳрҳои калон, аз қабили Даргон, Карданхаш, Курдор, Замаҳшар, Ҳазорсап, Хушписан, Ардахушмисан, Сафардиз, Рўзванд, Зарианд, Мадамисан, Ҷигарбанд ва ғ. иборат буд. Экспедицияи археологию этнографии Хоразм бо роҳбарии С. П. Толстов дар территорияи Xоразм ёдгориҳои мутааллиқи давраи неолитро дар Ҷонбозқалъа, Қаботқалъа, Чакалак, Оқчадарё,  Бурлӣ ва ғ. кашф карданд, ки онҳо аз маданияти Калтаманор ва бошишгоҳҳои сайёдон ва моҳигирони мансуб ба ҳазораҳои 4—3 то м. дарак медиҳанд. Дар ҳазораи 2 то м. дар давраи энеолит ва асри биринҷӣ , ки бо номи маданияти Тозабоғоб ва маданияти Суярғон машҳур буд, калтаманориҳо ба зироат ва чорводорӣ  машғул мешуданд. Дар асрҳои минбаъда дар Xоразм сохтани иншоотҳои обӣ , каналҳои ирригационӣ  ва ғ. ба ривоҷ ёфтани иқтисодиёти он мусоидат кард. Дар ох. ҳазораи 2 то м. маданияти маҳаллӣ  ташаккул ёфт ва асрҳои 7—6 то м. хоразмиён, ки онро муаррихи юнонӣ  Сграбон ба халқи сакоию массагетҳо мансуб медонист, сардории қабилаҳои калони Осиёи Миёна ва Эрони Шарқиро ба уҳда доштанд. Xоразм дар миёнаи а. 6 то м. ба ҳайати давлати Ҳахоманишиён дохил шуда буд. Мувофиқи маълумоти Геродот он якҷоя бо Ориё, Порт ва Суғд сатрапии 16-уми давлати Ҳахоманишиниёнро ташкил мекард ва ба форсҳо 300 талант (воҳиди вазн ва пул) андоз медод. Дар аҳди Ардашери II Xоразм ба сатрапии алоҳида ҷудо шуда, дар давраи юриши Искандари Мақдунӣ ба Осиёи Миёна аллакай давлати мустақил буд. Муаррихи юнонӣ Ариан қайд мекунад, ки баҳори 328 то м. шоҳи Xоразм  Фарасман барои гуфтушунид бо Искандар            ҳамроҳи 1500 саворааш ба қароргоҳи ӯ—Бохтар омадааст. Дар асрҳои 4—3 то м. иқдтисодиёту маданияти Xоразм рӯ ба тараққӣ мениҳад. Дар ин давра иншоотҳои обёрӣ сохта мешуданд, ҳунармандӣ равнақ меёфт, шаҳрҳои нав бунёд мешуд (Бозорқалъа, Ҷонбозқалъа) ва санъат тараққӣ мекард. Дар ох. ҳазораи 1 то м. ба маданияти Xоразм таъсири қдабилаҳои бодиянишн мушоҳида мешуд. Дар асрҳои  2—1 то м. дар Xоразм дигаргунии сиёсӣ ба амал меояд, ки боиси таназзули иқтисодиёти он мешавад. Мувофиқи маълумоти бозёфтҳои археологӣ Хоразмро йӯҷиҳое, ки аз ҷануб бо Кӯшониён омада буданд, забт карда, ба сикка задани тангаҳои шабеҳи Евкратид шуруъ намуданд ва масоҳати Хоразмро ба шимол то баҳри Каспий ва баҳри Сиёҳ расониданд ва бо сарматҳо ҳамроҳ шуда, хешӣ барқаpop намуданд. Йӯҷиҳо бо зироаткорон, ҳунармандони муҳими Xоразм омехта шуданд ва барои равнақи мамлакат кӯшиши зиёд намуданд. Вазамор — аввалин шоҳи онҳо бо Хитой, Хиндустон, Кӯшониёну портҳо ва ғ. алоқаҳои тиҷоратӣ ва маданӣ барқарор намуд. Дар аҳди ӯ муомилоти пулӣ дар шаҳру рустоҳо ривоҷ ёфт, дар бозорҳои Xоразм тангаҳои кӯшонӣ пайдо шуданд. Xоразм дар а. 1 м. ба ҳайати давлати Кӯшониён дохил гардид ва якчанд вақт дар зери таъсири шоҳони сосонӣ низ монда буд. Дар ин давра дар Xоразм бисёр шаҳрҳо қалъаҳо сохта шуданд, ки онҳо деворҳои ғафсу баланди дуқабата доштанд. Дар деворҳои қалъаҳои давраи то кӯшонӣ манораҳои чоркунҷа ва баъд аз кӯшонӣ манораҳои дойрашакл сохта мешуданд. Шаҳрҳои Хоразми давраи атиқа бурҷҳои рост доштанд, деворҳояшон баланд ва дуқабата буданд. Дар дохили шаҳр қасри ҳокимон вуҷуд дошт, ки вай бо муҷассамаю мусаввараҳои барҷастаю рангоранг оро дода мешуд ( Тӯпроққалъа, Қалъаи қир). Бозёфтҳои археологии Қӯйқирилғанқалъа, Тӯпроққалъа, аз ҷумла катибаҳои рӯи чуб, пӯст, муҳр ва сиккаи тангаҳо ба он шаҳодат медиҳанд, ки дар а. 3 м. дар Xоразм муносибатҳои ғуломдорӣ вуҷуд дошт. Бозёфтҳои мазкур ҳамчунин собит намуданд, ки хати хоразмиёни қадим оромиасос, худи онҳо эронинажоданд. Дар баъзе ёдгориҳои археологӣ оташкада, маъбад ва ғ. кашф шуданд, ки онҳо ёдгориҳои зардуштия будаанд. Дар Тӯпроққалъа ва баъзе диг. бошишгоҳҳои қадимаи Xоразм порчаҳои муҷассамаҳои гилину гаҷин, нақшу нигорҳои рӯи девор низ ёфт шуданд. Ҳайкалҳои бо санъати баланд эҷодшудаи Тӯпроққалъа асосан дар се хонаи қасри Хоразмшоҳиён ёфт шудаанд, ки С. П. Толстов онҳоро шартан «толори шоҳон», «толори зафар», «толори аскарон» номида буд. «Толори шоҳон» аз маҷмӯи ҳайкалҳо иборатанд. Дар «толори зафар» тақр. ҳамон муҷассамаҳо такрор мешаванд. «Толори аскарон» муҷассамаҳои аскарон ва нақшу нигори зебо дорад. Мусаввараҳо ва муҷассамаҳои Тӯпроққалъа ба а. 3 тааллуқ дошта, дар баъзе хонаҳои истиқоматӣ ва маъмурии қасри Хоразмшоҳиён боқӣ мондаанд. Дар суратҳо нақшу нигори муқаррарӣ ва манзараҳои ҳаётӣ ба ҳам зичу печонда акс ёфтаанд. Дар деворҳои хонаҳо порчаҳои гуногуни сурати бабр, асп, паррандаҳо, моҳӣ ва одамон ёфт шудаанд. Нақшҳои орнаменталӣ (набототию геометрӣ) бошад, аз гулу барг, чанбараҳо, панҷарагулҳо, хушагулҳо, хушаҳои ангур, доираҳо, печаҳо, хатҳои рангоранги росту мавҷнок таркиб ёфтаанд. Бо вуҷуди он ки ин нақшу нигорҳо фақат ба шакли порчаҳои алоҳидаи таги харобаҳо, ё худ ба шакли доғҳои норавшан дастрас шудаанд, дар онҳо осори. композицияҳои калону аҷоибро низ мушоҳида кардан мумкин аст. Мас., дар яке аз хонаҳои ошёнаи 2-юм порчаҳои рангаи сурати навозандагон ёфт шуд. Дар байни ин суратҳо як расми хеле нафису мавзӯни зани уднавозе ҳаст, ки дар даст уди колони секунҷа дорад. Дар хонаи дигар расми зани дигаре пайдо шуд, ки ба пешдоманаш ангуру шафтолу меғундорад ва дар болои сараш хушаҳои ангур овезонанд.

xorazm

Порчаҳои муҷассамаю мусаввараҳои Тӯпроққалъа аз инкишофи санъати баланди тасвирии Xоразм шаҳодат медиҳанд. Бино ба маълумоти Абӯрайҳони Берунӣ с. 305 м. шоҳ Африғ (асосгузори сулолаи Африғиҳо) соҳиби тахти шоҳии Xоразм шуда, Қиётро ба пойтахти худ табдил додааст. Берунӣ зимни нақли он 21 шоҳи ин хонадонро номбар кардааст. Аз асрҳоиои 2—6 cap карда дар Xоразм муносибатҳои феодалӣ ривоҷ ёфта, маданияти нави африта ба вуҷуд омад. Қасру қалъаҳои бисёр сохта шудаанд, ки онҳо бо деворҳои ғафсу баланд печонида шуда буданд. Қалъаҳо росткунҷаю чоркунҷа ва дар бурҷҳояшон манораҳои зуғӯташакл доштанд. Дар миёнҳои қалъа одатан кӯшкҳои дуошёна ва толори калон (меҳмонхона) доштанд, ки онҳоро хонаҳои майда иҳота менамуданд. Деворҳо асосан аз похса ва қисман синҷдор сохта мешуданд. Бомҳои хонаҳо тахт, гунбазӣ ва тоқдор буданд. Дар хонаҳои хоҷагӣ ва истиқоматии Тешиққалъа, ки ба асрҳои 6—8 тааллуқ доранд, порчаҳои матоъҳои пахтагӣ, пашмӣ, чигит ёфт шуд, ки онҳо дар бораи вуҷуд доштани пахтакорӣ ва бофандагӣ гувоҳӣ медиҳанд. Мувофиқи ингуна бозёфтҳои археологӣ, хоразмиён дар ин давр гандум, ҷав, шолӣ, нахуд, ҷуворӣ, мош низ кишт мекардаанд, зардолу, шафтолу, олу мепарваридаанд. Токпарварӣ ривоҷ доштааст. Киштукорӣ хелҳои гуногуни харбуза ва каду вуҷуд доштааст. Дар хоҷагии хоразмиён чорводорӣ низ мавқеи муҳим ишғол мекард. Онҳо гӯсфанд, буз, асп, уштур, хук, мурғ мепарвариданд. Ба ғайр аз бофандагӣ кулолӣ, оҳангарӣ, заргарӣ ва дигар намудҳои ҳунармандӣ низ ривоҷ ёфта буданд. Заргарони Xоразм аз тилло, нуқра ва сангҳои қиматбаҳо зеварот (дастпона, ангуштарин, гӯшвора ва ғ.) тайёр мекарданд. Дар бисёр ёдгориҳои археологӣ (хусусан дар Қӯйқирилганқалъа) новус ва устадонҳои зиёде ёфт шуданд. Хоразмро с. 711 арабҳо забт намуда бошанд ҳам, то а. 10 дар Қиёт намояндагони хонадони африғиҳо ҳукмронӣ мекарданд. Ҳатто дар ҳайати давлати Сомониён Xоразм то як дараҷа мустақилияти худро ғаюрона нигоҳ медошт. С. 996 ҳокими Хоразми Шимолӣ Маъмун ибни Муҳаммад ҷан. Хорамзро (марказаш ш. Қиёт) ба мулкл худ ҳамроҳ намуда, унвони хоразмшоҳро аз африғиҳо гирифт ва ш. Урганҷро пойтахти давлати худ эълон кард. Дар аҳди ӯ Урганҷ ба яке аз марказҳои бузурги илму маърифат ва маданият мубаддал шуд.Дар ин давр, хусусан дар солҳои ҳукмронии ӯ дар Урганҷ олимони машҳур Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Абусаҳли Масеҳӣ (шоир ва файласуф), Абўлхайри Хуммор,  (табиб) Абўнаср ибни Ироқ (математик), Абўбакр Муҳаммадӣ Хоразмӣ, Абўсаиди Шабибӣ ва диг. Зиндагӣ ва эҷод кардаанд.

С. 1017 Хоразмро Маҳмуди Ғазнавӣ, асри II-нимаи якуми а. 12 Салҷқиён забт намуданд. Дар давраи Маликшоҳи Салҷуқӣ яке аз амалдорони ў Ануштегин с. 1077 ҳокими Xоразм шуда, ба сулолаи нави Хоразмшоҳиёни Бузург асос гузошт. Писари ў Қутбуддин Муҳаммад (ҳукмр. 1007— 1127) ҳарчанд соҳиби унвони хоразмшоҳ шуда бошад ҳам, дар асл волии Салҷуқиён ҳисоб мешуд. Писари Қутбуддин Отсиз (ҳукмр. 1127 —56) ва ворисони ў Эларслон (ҳукмр. 1156—72) ва Алоуддин Такаш (ҳукмр. 1172—1200) бо Салҷуқиён муборизаи дуру дароз бурда, Хоразмро дар охир ба давлати мустақил табдил доданд. Дар аҳди писари Такаш Алоуддин Муҳаммади Хоразмшоҳ (1200—20) Xоразм ба яке аз давлатҳои муқтадир мубаддал гардид. Ў бо қаракидониён ҷангҳои бисёр карда, Мовароуннаҳр ва Афғонистонро забт намуд. Сарҳади далвати Хоразмшоҳиён аз соҳилҳои шимоли баҳри Каспий то халиҷи Форс ва аз кўҳҳои Кавказ то ба кўҳҳои Ҳиндукуш расид. Тоҷирони Хоразм дар Муғулистону Хитой, Тибету Ҳиндустон, мамлакатҳои Шақри наздик ва шаҳрҳои русу поворжия савдо мекардагӣ шуданд. Дар ин давра дар Урганҷ якқатор биноҳҳои бошукўҳ сохта шуданд. Баъди фоҷиаи Утрор қўшунҳои Чингизхон ба Хоразм зада даромаданд. Муҳаммад Хоразмшоҳ бе муқобилият ба як ҷазираи баҳри Каспий гурехт. Ҳокими Хўҷанд Темурмалик, писари Хоразмшоҳ Ҷалолуддини Мангубердӣ бар зидди муғулон сахт муқобилият нишон доданд. Соли 1921 муғулон Урганҷро забт ва вайрон намуданд, деҳқонону ҳунармандонро қир намуданд ё ба коми хоки худ бурданд. Савдогарону рўҳониён ба давлатҳои мусулмонӣ фирор намуданд. Дар аҳди Алоуддин Муҳаммад қабилаҳои туркзабон дар музофотҳои Хоразм зиёд шуданд. Бо ҳамаи он бузургӣ давлати Хоразмшоҳиён аз дохил суст буд. Авҷгирии истисмори феодалӣ, иртиҷоъпарастии феодалҳо, фитнаҳои дарбориён ва шўришҳои халқӣ иқтидори давлатро суст кард. Ба ҳамин сабаб солҳои 1219-21 дар мубориза бар зидди истилогарони муғул (ниг.Истилои муғул), истодагарӣ карда натавониста, давлати Хоразмшоҳиёни бузург сарнагун шуд. Ва Хоразм ба ду қисм ҷудо гардид. Қисми ҷанубияш бо шаҳри Қиёт ба олуси Чағатой ва қисми шимолияш якҷоя бо ш.Урганҷ ба ҳайати Олтинўрда ҳамроҳ карда шуд. Дар аввалҳои  солҳои 60 а. 14 аз низоъҳои дохилии Олтинўрда истифода бурда, Хоразми Шимолӣ мустақил гардид ва сулолаи Сўфиро (аз қабилаи Қунғурот) рўйи кор баровард. Ҳусайни Сўфӣ барои Хоразми Шимолӣ ва Ҷанубиро муттаҳид кардан шаҳрҳои Қиёт ва Хеваро забт намуд. Лекин с. 1388 амир Темур Хоразмро ба давлати худ ҳамроҳ намуда, маркази он ш. Урганҷро ба замин яксон кард ва ба оли Сўфӣ хотима дод. С. 1505 Хоразмро Шайбонихон забт кард. С. 1512 ҳокимият дар Xоразм ба дасти сулолаи узбекии авлоди Ҷўҷӣ гузашт. Ҳукмронии намояндагони ин хонадон то с-ҳои 1694—95 давом кард. Дар нимаи дуюми а. 16 дарёи Аму дар назди Урганҷ ҷараёни худро дигар карда, наҳри онро беоб монд ва сокинони шаҳр маҷбур шуданд, ки дар ҷои дигар (дар назди ш. Хева) наҳри наве кофта, шаҳри нав — Урганҷи навро бино кунанд. Урганҷи Қадима бошад, дар миёнаи а. 17 аллакай ба харобазор табдил ёфта буд, ки онро хоразмиён Кўҳна Урганҷ ном мебурданд. Дар аҳди Абулғозӣ (1645—63) маркази Xоразм шаҳри Хева шуд ва бинобар ин дар адабиётҳои русӣ ва европоӣ давлати Xоразм хонии Хева ном гирифт. Лекин дар истилоҳи маҳаллӣ ин хонӣ монанди пештара «давлати Хоразм» ном бурда мешуд.

Ад.: Труды Хорезмской археолого-этнографической экспедиции, тт. I—И. М., 1952—1979; Материалы Хорезмской археолого-этнографической         экспедиции, в. 1—10, М., 1959—75; История таджикского народа, тт. 1—2 (ки. 1), М.. 1963— 64- История Узбекской ССР, т. 1. Ташкент, 1967; Гафуров Б. Г., Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история. М.,            1972; История Хорезма с древнейших времен до наших дней, Ташкент, 1976. А. Чилилое.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …