Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ХОНАКОРӢ

ХОНАКОРӢ

ХОНАКОРӢ, саноати хонакорӣ, дар хоҷагии деҳқон аз ашёи хоми худи хоҷагӣ барои истеъмоли шахсӣ истеҳсол кардани маснуот. Навъҳои қадимаи Xонакорӣ коркарди пўс­ту чармгарӣ ва чўбу пўстлох буд. Одамон дар давраи ибтидоӣ аз соқи растанӣ, мўй, нах ва дигар ашёи хом маснуоти гуногун — арғамчин, сабад, тур, зарф мебофтанд ва дар заминаи он саноати бофандагӣ инкишоф ёфт. Кулолӣ низ аҳамияти калони хоҷагӣ дошт ва дар инкишофи санъати тасвирӣ роли муҳим бозид.

kuloli

Xонакорӣ ҷузъи иқтисодиёти тарзи истеҳсолоти токапиталистӣ буд. Дар давраи феодализму мутараққӣ  Xонакорӣ тақрибан ба косибӣ табдил ёфта бошад ҳам, вале он пурра аз байн нарафт. Капитализм дар баробари хоҷагии натуралӣ  Хонакорирo низ барҳам дод, вале дар ин давра ҳам Xонакорӣ дар хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ бодқӣ монд.

Xонакорӣ  солҳои аввали Революцияи Кабири Социалистиии Октябр ба хоҷагии патриархалӣ дохил шуда, дар ҷараёни азнавсозии социалистии деҳот аз байн рафт.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …