Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ХОҶАГИИ ШИКОР

ХОҶАГИИ ШИКОР

ХОҶАГИИ ШИКОР, 1) як соҳаи хоҷагии халқро гўянд; истифода, муҳофизат ва таҷдиди фонди давлатии шикор (ҳайвоноти ваҳшӣ ва паррандагони шикоргоҳҳо)-ро таъмин мекунад. Ҳар сол тақр. 50 млн пўсти ҳайвоноти муинадор, 20 ҳаз. тонна гушти ҳайвоноти ваҳшӣ, то 800 ҳаз. дона паррандаи гўштӣ мегиранд.

shikor

2) Воҳиди асосии истеҳсолию минтақавии як соҳаи муайянро номанд. Навъҳои Xоҷагии шикор хоҷагиҳои шикори касбӣ, давлатӣ, спортӣ ва мамнуъгоҳҳо. Дар Тоҷикистон барои муҳофизати олами ҳайвонот ду мамнуъгоҳ — «Полвонтуғай» (масоҳ. 50 ҳаз. га), «Ромит» (16 ҳаз. га) ва 15 қурўқи давлатӣ (Даштиҷум, Даштимайдон, Зоркўл, Искандаркўл, Қаратоғ, Қаротов, Камароб, Кусавлисой, Музкўл, Сои Вота, Сарихосор, Сангвор, Чилдухтарон, Зарафшон, Помир) мавҷуд аст. Ҷамъияти шикорчиёну моҳигирон (с. 1956 таъсис ёфтааст) шикорчиёну моҳигирони республикаро муттаҳид мекунад. Ваё 10 ҳаз. аъзо ва 11 Xоҷагии шикор (Шаҳристон, Калинннобод, Қамишқўрғон,Қайроқум, Хонакоҳи Кўҳӣ, Пётри I, Сурхо, Эсанбой, Шеркент, Қизилсў, Муъмннобод; масоҳати умумиашон  346,833 га) дорад. Дар оянда таъсис додани боз 5 Xоҷашии шикори дигар (Оқтоғ, Муғсу, Санглох — Сангтуда, Ҳоит, Сангикар) пешбинӣ шудааст. Хоҷагиҳои шикори ҷамъият ҳайвоноти ваҳшӣ ва паррандагонро соле як маротиба ба ҳисоб мегиранд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …