Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚ

ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚ

ХОҶАГИИ ҚИШЛОҚ, як соҳаи муҳими истеҳсолоти моддиро гўянд; кишти зироати хоҷагии қишлоқ ва парвариши ҳайвоноти х. қ. барои ба даст овардани маҳсулоти зироату чорводорӣ. Xоҷагии қишлоқ навъҳои гуногуни коркарди аввалини маҳсулоти набототу ҳайвонотро низ дар бар мегирад. Дар як қатор мамлакатҳо хоҷагии ҷангал ҳам ба Xоҷагӣ- тааллуқ дорад.

Ҳоҷагии қишлоқ барои аҳолӣ маҳсулоти хурокӣ ва барои бисёр соҳаҳои саноат ашёи хом тайёр мекунад, ҳайвоноти боркаш мепарварад; соҳаҳои деҳқонӣ ва чорводориро дар бар мегирад.

xojagii-kishlok

Xоҷагии қишлоқи СССР соҳаи калон ва бо техника мусаллаҳи хоҷагии халқ мебошад; дар фароҳам овардани маҳсулоти умумии ҷамъиятӣ ҷои 2-юмро (баъд аа саноат) ишғол мекунад, қариб 30%даромади миллӣ ва 75% фонди ҷамъиятии истеъмолро ба вуҷуд меоварад. Дар Xоҷагии қишлоқ 25% аҳолӣ кор мекунад: ду сектори истеҳсолӣ- давлатӣ (совхозҳо, заводҳои зотпарварию асппарварӣ, фабрикаҳои мурғпарварӣ, хоҷагиҳои таълимию таҷрибавӣ ва эксперименталӣ ва ғ.) ва кооперативӣ (колхозҳо, корхонаҳои байниколхозӣ, иттҳодияҳои байниколхозӣ) дорад. Баъзе маҳсулоти хоҷагии қишлоқ (картошка, сабзавот, маҳсулоти чорводорӣ) -ро хоҷагиҳои ёрирасони коргарон, хизматчиён ва колхозчиён (асосан барои қонеъ гардонидани талаботи шахсӣ) низ истеҳсол мекунанд. Охири с. 1980 дар СССР 21,1 ҳаз. совхоз ва 26,3 ҳаз. колхоз буд, ки маҳсулоти хоҷагии қишлоқро асосан онҳо истеҳсол мекарданд.

С. 1980 дар Xоҷагии қишлоқи СССР 217,3 млн га киштзор буд, ки дар 126,6 млн ғалла, 14,6 млн га paастаниҳои техникӣ, 9,2 млн га картошкаю сабзавот ва дар 66,9 млн га растаниҳои хурокӣ чорво коштанд. 1 ян в. 1981 дар ҳама навъҳои хоҷагӣ 115,1 млн cap чорвои калони шохдор (аз он ҷумла 43,4 млн гов), 73,4 млн хук. 141,6 млн гусфанд, 5.9 млн буз буд. СССР аз чиҳати истеҳсоли гандум, ҷавдор, ҷав, лаблабуи қанд, картошка, офтобпараст, нахи пахта, нахи зағир, шир, равғани ҳайвонот дар ҷаҳон ҷои 1-ум, аз ҷиҳати истеҳсоли умумии маҳсулоти хоҷагии халқ, равғани растанӣ (баъди ШМА), пашм (баъди Австралия), саршумори хук (баъди РХХ) ҷои 2 юм ва аз рўи саршумори чорвои калони шохдор (баъди Ҳиндустои ва ШМА), ҷамъоварии ғалла (баъди ШМА ва РХХ) ҷои 3-юмро ишғол мекунад. СССР ба диг. мамлакатҳо ғалла, пахта, равғани растанию ҳайвонот, пашм, чой ва ғ. дода, аз онҳо сабзавоту меваҷот, қанд, тухм, маҳсулоти гўштӣ ва ғ. мегирад.

Охирҳои 1976—80 ҳаҷми солонаи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба ҳисоби миёна (мувофиқи нархи с. 1973) 123 779 млн сум буд. Истеҳсоли маҳсулоти зироат асосан дар натиҷаи баланд бардоштани ҳосилнокӣ афзуд. С. 1980 аз ҳар га 14,9 ц ғалла, 31,7 ц пахта, 218 ц лаблабуи қанд, 10,6 ц офтобпараст, 2,6 ц нахи зағер, 96 ц картошка, 150 ц сабзавот гирифтанд. Мустаҳкам шудани базаи хўроки чорво, афзоиши саршумори ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ. (1 янв. 1981 саршумори чорвои калон шохдор ба 115,1, хук ба 73,4, гусфанд ба 141,6, буз ба 5,9 млн расид), зиёд шудани маҳсулнокии ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ аз ҳисоби беҳтар намудани хурокдиҳӣ, нигоҳдорӣ ва зоти онҳо ба инкишофи муваффақиятнокии чорводорӣ мусоидат карданд.

Иқтисодиёти колхозу совхозҳо хеле мустаҳкам гардид. Солҳои 1976— 80 фондҳои тақсимнашавандаи колхозҳо (аз рўи муқоисаи содаҳои хоҷагӣ) аз 92,9 то 109, 8 млрд сум, даромади умумӣ аз 22,4 то 23,6 (1978) млрд сум, ҳаққи меҳнати кории якрўзаи 1 коргар аз 4,77 то 5,51 сум афзуд. Рентабельнокии корхонаҳои давлатии хоҷагии қишлоқ хеле баланд шуд. С. 1980 музди кори коргарони совхозҳо моҳе андаряк ба 149,7 сум расид. Ҳаҷми пулу имтиёзҳое, ки меҳнаткашони деҳот аз фондҳои ҷамъиятии истеъмол мегиранд, афзуд. Симои деҳот маданият ва маишати он тағйир ёфт. Дар деҳот шумораи манзилҳои обод хеле зиёд шуд. Дар сохти иҷтимоии деҳот тағйироти куллӣ ба амал омад: дар Xоҷагии қишлоқ ҳиссаи коргарони саноатӣ афзуд, бисёр касбу ихтисосҳои кўҳна барҳам хўрда, касбу ихтисосҳои нав ба вуҷуд омаданд. Ҳамаи ин гувоҳӣ медиҳад, ки шаҳру деҳот дар ҳама соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ беш аз пеш ба ҳам наздик мешаванд.

Навъҳои асосии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар ноҳияҳое, ки шароити мусоиди табиию иқтисодӣ доранд, истеҳсол мешаванд. Баробари пешрафти прогресси илмию техникӣ махсусгардонии истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ концентрацияи он ва кооперативонии байнихоҷагӣ авҷ мегирад. Барпо шудани корхонаҳои махсусгардонидаи соҳавии давлатӣ, колхозӣ ва байнихоҷагӣ (фабрикаҳои мурғпарварӣ, комплекси чорводорӣ ва ғ.) ба истифодаи пурраи комёбиҳои илму техникаи ҳозиразамон ва ҷорӣ намудани индустронии Xоҷагии қишлоқ имкон медиҳад.

Барой ҳалли масъалаҳои зарурии инкишофи хоҷагии қишлоқ иншоотҳои тадқиқоти илмии хоҷагии қишлоқ кор мебаранд. Дар натиҷаи фаъолона бо истеҳсолот пайвастани илмҳои хоҷагии қишлоқ самарабахшии корҳои илмӣ афзуд. Ҳалли комплексии масъалаҳои баланд бардоштани самарабахшии хоҷагии қишлоқ  барои инкишофи қувваҳои истеҳсолии ин соҳа ва такомули муносибатҳои иқтисодӣ шароити мусоид ба вуҷуд овард.

Дар Тоҷикистон хоҷагии қишлоқ то Революцияи Кабири Социалистии Октябрь хусусияти истеъмолӣ дошт. Маҳсулоти молӣ (пахта, меваи хушк)-ро хеле кам, фақат дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистони Шимолӣ истеҳсол мекарданд.

Баъди Революцияи Октябрь дар натиҷаи азнавсозии социалистӣ дар хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон колхозу совхозҳои калони механиконида ба вуҷуд омаданд, ки истеҳсолотро дар заминаи техникаи ҳозиразамон пеш мебаранд. С. 1980 колхозҳо ва корхонаҳои давлатии хоҷагии қишлоқ 4158,4 ҳаз. га замин, 782,6 ҳаз. га киштзор доштанд. Заминҳои обӣ 617,5 ҳаз. га (аз он ҷумла дар истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ 609,5 ҳаз. га) ва чарогоҳҳои гуногуни республика 3098. ҳаз. га буд.

С. 1980 дар республика 165 колхоз буд, ки да ромади пулии ондо ба 724 млн сум (с. 1940-ум 42 млн сум) расид ё назар ба с. 1040-ум 17,2 баробар афзуд. Дар натиҷаи концентрация ва махсусгардонии истеҳсолот ба дар як колхоз андаряк 7 ҳаз. га. Заминҳои хоҷагии қишлоқ, беш аз 2,2 ҳаз. га киштзор, 1277 cap гов, 2446 cap бузу гўсфанд (1980) рост омад. С. 1980 даромади колхозҳо андаряк 3,24 млн сум (с. 1940 қариб 14 ҳаз. сум) буд.

С. 1980 дар республика 234 совхоз буд. Онҳо дар ихтиёри худ 2463 ҳаз. га замннҳои хоҷагии қишлоқ, аз он ҷумла 379 ҳаз. га киштзор, 19,3 ҳаз. га боғу токзор доштанд. С. 1980 совхозҳо 280 ҳаз. т пахта, 56 ҳаз. т гушт, 104,5 ҳаз. т шир, 230,9 млн дона тухм, 102,5 ҳаз. т. ангур ва бисёр маҳсулоти диг. истеҳсол карданд.

Колхозу совхозҳо бо техникаи ҳозиразамони хоҷагии қишлоқ таҷҳизонида шуданд. С. 1980 дар саҳроҳои колхозу совхозҳо 32 ҳаз. трактор, 1431 комбайни ғаллағундор ва 3360 мошини пахтачинӣ кор карданд, колхозу совхозҳо зиёда аз 11,5 ҳаз. автомобили боркаш доштанд. Тамоми хоҷагиҳо электриконида шудаанд, нуриҳои минералӣ ва моддаҳои химиявиро барои ҳифзи зироати хоҷагии қишлоқ фаровон истифода мебаранд.

Солҳои Ҳокимияти Советӣ дар деҳот шумораи кормандони баландихтисос афзуд. С. 1980 дар колхозу совхоз ва муассисаҳои хоҷагии қишлоқ зиёда аз 17,7 ҳаз. мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёна буданд. Дар колхозу совхозҳо бештар аз 49,7 даз. тракторчӣ, комбайнчӣ ва ронандаҳо кор карданд. Аксари роҳбарони хоҷагиҳо маълумоти олӣ ва миёнаи махсус доранд. Мутахассисони баландихтисоси хоҷагии қишлоқро Иниститути хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон тайёр мекунад. Дар «Программаи озуқавории CCСР дар давраи то соли 1990», ки Пленуми майии КМ КПСС (24 майи 1982) қабул кардааст, минбаъд афзун гардонндани истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқи РСС Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Истеҳсоли миёнаи солонаи гушт (ба ҳисоби вазни чорвои кушташуда) бояд дар панҷсолаи 11-ум ба 110 ҳаз. т ва дар панҷсолаи 12-ум ба 130—140 ҳаз. т, шир мувофиқан ба 520 ва 580—600 ҳаз т, ғалла ба 315 ва 320—340 ҳаз. т, пахтаи навъи маҳиннах ба 340 ҳаз. т (1985) расонида шавад. Дар тўли 10 сол истеҳсоли сабзавот, ҳосили зироатҳои полизӣ ва ангур камаш 2 баробар, меваи дарахту бутта 1,4 баробар, ҳамаи хелҳои хуроки чорво 1,5—1,6 баробар меафзояд, истеҳсоли меваи ситрусӣ, хусусан лимў, афзун мегардад, 100—110 ҳаз. га замин обёрӣ мешавад, корам кардани заминҳои дашти Данғара давом меёбад, истеҳсоли консерви меваю сабзавот камаш 1,7 баробар меафзояд.

А. Махсумов, А. Бўриев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …