Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХОҶА ҶАЪФАРИ ҚОНУНИИ САМАРҚАНДӢ

ХОҶА ҶАЪФАРИ ҚОНУНИИ САМАРҚАНДӢ

ХОҶА ҶАЪФАРИ ҚОНУНИИ САМАРҚАНДӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), оҳангсоз, навозанда ва мусиқишиноси тоҷик(ох. а. 15—авв. а. 16). Дар Самарқанд ба дунё омада, аксари илмҳои замонро аз падараш омухтааст. Дар санъати хаттотӣ ҳунарманд буд ва ҳафт навъи хатро некў менавишт. Baй дар санъати мусиқии амалӣ ва назарӣ шўҳрат дошт, қонунро бо маҳорати баланд менавохт. Дар мусиқии сози даврааш сабку услуби нави иҷрокунандагӣ ҷорӣ намудааст. Хоҷа шогирдони зиёде дошт. Қабраш дар гузари Мўлиёни Самарқанд воқест.

А.Раҷабов

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …