Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УЭЛЛС Ҳерберт Ҷорҷ

УЭЛЛС Ҳерберт Ҷорҷ

УЭЛЛС (Wells) Ҳерберт Ҷорҷ (21. 9. 1866, Бромли—13. 8. 1946, Лондон), нависандаи англис. Классики фантастикаи илмӣ дар адабиёти асри 29. Романҳои «Мошини вақт» (1895), «Одами нонамоён» (1897), «Ҷанги сайёраҳо» (1898) -ро дар асоси дастовардҳои навини илми табиатшиносӣ эҷод кардааст. Уэллс масъалаҳои пешрафти илму техникаро ба пешомадҳои иҷтимоӣ («Вақте ки хуфта бедор мешавад», 1899) ва ахлоқӣ («Вақти аён шудани ситораи думдор», 1906) марбут сохтааст. Муаллифи романҳои маишию иҷтимоии «Киппс» (1905), «Тоно-Бенге» (1909). Уэллс дар баъзе асарҳояш назарияи дини нав ва худоофариниро ба миён гузошт. Солҳои 1920 ва 1934 ба СССР омад, бо В. И. Ленин вохӯрдааст (китоби «Россияи тираву тор», 1920).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …